Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаластин баррасӣ гардиданд

Апрель 7, 2020 13:25

ДУШАНБЕ, 07.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири тозатаъйини Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ зимни баррасии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак мусоҳибон изҳори умедворӣ намуданд, ки ифтитоҳи қарибулвуқӯи расмии Сафорати Давлати Фаластин дар Душанбе ба густариши бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду давлат мусоидат кунад.

Акс аз ВКХ ҶТ

Апрель 7, 2020 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд