Дар фазои боронии ноҳияҳои Хуросон ва Ҳисор 9 мушаки зиддижолаи «Алазан-6» партоб карданд
ДУШАНБЕ, 21.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи зироати кишоварзӣ, боғу токзор ва бартараф кардани хавфи жола дар фазои боронии ноҳияҳои Хуросон ва Ҳисор 9 мушаки зиддижолаи «Алазан-6» партоб карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.
Бино ба гузориши қисми навбатдории Кумита, 20 апрел Хадамоти зидди жола дар минтақаҳои хавфноки жолаовар корҳои безараргардонии зидди жола роҳандозӣ кардааст.
Дар яке аз минтақаҳои хавфнок ва жолаовари шаҳри Ҳисор 6 адад мушаки зидди жолаи навъи «Алазан 6» истифода ва безарар гардонида шуд.
«Худи ҳамин рӯз Хадамоти зидди жола дар яке аз минтақаҳои хавфноки ноҳияи Хуросон низ 3 адад мушаки зидди жолаи навъи «Алазан 6» партоб кард ва хавфи омадани жола бартараф карда шуд»,- афзуд манбаъ.
Ҳамасола бо мақсади ҳифзи зироати кишоварзӣ ва боғу токзори мамлакат дар минтақаҳо зидди жола садҳо мушак истифода мешавад. Бориши жола маъмулан барои зироати кишоварзӣ зарари калон меорад.
Истифода аз мушакҳои зиддижола имкон фароҳам меорад, ки хатари мазкур бартараф карда шавад.








Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид






