Дар ноҳияи Ҷайҳун бар асари истеъмоли занбурӯғ 3 кӯдаки ноболиғ фавтиданд

Апрель 22, 2020 09:15

 ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бар асари истеъмоли занбурӯғ  аз як оила 3 кӯдаки ноболиғ заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии ноҳия фавтидаанд.

Тавре ҷонишини сардухтур оид ба корҳои табобатии Беморхонаи  марказии ноҳияи Ҷайҳун  Аҳлиддин Бозоров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, ноболиғон Нигора Ҳомидова, соли таваллудаш 2010, Нозанин Ҳомидова, соли таваллудаш 2012, Басонат Ҳомидова, соли таваллудаш 2015 ва Рустамҷон Ҳомидов, соли таваллудаш 2018   14 апрел, соати 14:20,  ба шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи  марказии ноҳияи Ҷайҳун  бо  нишонаҳои дилбеҳузурӣ бистарӣ шуда, барои наҷоти онҳо мутахассисон аз шаҳри Душанбе ва маркази вилоят даъват карда шуданд.  Вале   новобаста аз кӯшишу талошҳои духтурон аз  17 то 19 апрел  Нигора, Нозанин ва Рустамҷон  вафот намуданд.

Ба зикри  Аҳлиддин Бозоров, ноболиғон бегоҳии 13 апрел занбурӯғ чида, аз модарашон хоҳиш мекунанд, ки ба онҳо бирён карда диҳад.

«Ба гуфтаи модари кӯдакон, шавҳараш зуд –зуд занбурӯғ чида меовард, аз ин рӯ модар фикр мекунад, ки ин занбурӯғҳо аз ҳамон навъест, ки қаблан шавҳараш меовард. Баъди бирён карда ба кӯдакон хӯрондан Басонат як соат пас қайд карда,  аз дилбеҳузурӣ шикоят мекунад. Дар Нигора, Нозанин ва Рустамҷон   нишонаҳои дилбеҳузурӣ соати 3-и шаб пайдо мешаванд ва онҳо 14 апрел, соати 14:20, яъне дер ба беморхона оварда мешаванд», -мегӯяд ҷонишини сардухтур оид ба корҳои табобатӣ Аҳлиддин Бозоров.

Апрель 22, 2020 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд