Дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз 1 май маҳдудияти мавсимӣ оғоз мешавад

Апрель 20, 2020 11:50

ДУШАНБЕ, 20.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани мавсими гармо ва аз 25 дараҷа баланд гардидани ҳарорат шурӯъ аз 1 май то 31 августи соли равон дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз соати 10:00 то  20:00 маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ мешавад. Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.

Икдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад. Ҳамзамон дар ин муддат таъмири куллӣ ва ҷории роҳ амалӣ шуда, барои дар сатҳи хубу сифати баланд нигоҳ доштани роҳ филиали Ширкат омодагии ҷиддӣ дорад.

Чунин иқдом на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Иқдоми мазкур муҳиму саривақтӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои рисолат бо дарки масъулият фаъолияти хешро пеш мебарад.

Бо вуҷуди фаъолияти пурмаҳсули «IRS», бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда, ки ба ҳамлу нақли бор тавассути мошинҳои гаронвазн дахл дорад, вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ зарурати таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳро ба миён  овардааст.

Апрель 20, 2020 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид