Дар шаҳри Кӯлоб даври дуюми озмун барои квотаи президентӣ баргузор гардид
КӮЛОБ, 14.04.2020 /АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб даври дуюми озмун барои квотаи президентӣ доир гардид. Квотаи президентӣ бо мақсади муайян ва интихоб намудани хонандагони болаёқат ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои олии мамлакат гузаронида мешавад.
Давоми 22 соли охир тибқи ин квота садҳо нафар довталабон ба муассисаҳои олӣ ва касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, баъди хатм ҳамчун мутахассисони соҳаҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳо фаъолияти хешро идома дода истодаанд. Дар шаҳри Кӯлоб ҳамасола шумораи довталабон барои дарёфти квотаи президентӣ дар ҳоли афзоиш аст.
Тавре котиби комиссияи квотаи президентӣ дар шаҳри Кӯлоб Гулчеҳра Шомадова иттилоъ дод, «квота аз рӯи низомнома ва риояи коидаҳои муайянкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Барои шаффоф гузаронидани озмуни мазкур тамоми шароит муҳайё гардидааст ва волидайну омӯзгорон озодона метавонанд ҷараёни онро назорат баранд».
Сокини шаҳри Кӯлоб ва довталаб Ҳабибулло Амроев мегӯяд, ки «ман тасмим гирифтам аз рӯи касби таъриху ҳуқуқ ба донишгоҳ дохил шуда, баъди гирифтани маълумоти олӣ ҳамчун мутахассиси ҷавон ба халқу Ватан хизмат намоям. Ман аз хурдӣ завқ доштам, ки омӯзгор шавам ва ба хонандагон илм омӯзам».
Ба гуфтаи Гулчеҳра Шомадова, аз шумораи 818 нафар довталабон 99 нафар беҳтаринҳо ба даври навбатӣ роҳхат гирифта, баъди супоридани имтиҳон тариқи тестӣ ва суҳбат соҳиби квота хоҳанд шуд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






