Дар Тоҷикистон моҳи саводнокии молиявӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 06.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!» — шиори расмии «Global Money Week-2020» буда, он кӯдакон ва ҷавононро на танҳо барои тақсимоти оқилонаи буҷаи худ водор мекунад, балки дар интиқол додани дониши андӯхтаи худ ба оила ва атрофиёни худ ба онҳо кумак мекунад.
Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои шарик аз 1 то 30 апрел дар доираи маъракаи байналмилалии «Global Money Week-2020» моҳи саводнокии молиявӣ баргузор менамояд.
Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки маъракаи мазкур ҳамасола дар саросари ҷаҳон баргузор гардида, ҳадафаш баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, рӯҳбаланд кардани кӯдакон ва ҷавонон барои нигоҳубини пул ва дар ниҳоди онҳо сайқал додани малакаи соҳибкорӣ мебошад, зеро дар шароити кунунӣ ҷалби кӯдакон ва ҷавонон ба бахши молиявӣ аҳамияти муҳим касб кардааст.
Алҳол дар сатҳи ҷаҳон камтар аз 1 фоизи кӯдакон аз маърифати молиявӣ бархӯрдор буда, ба бахши молиявӣ ҷалб гардидаанд. Аксарияти ҷавонон ҳангоми гирифтан ва истифодаи қарзҳо ба мушкилиҳои зиёд дучор мегарданд, ки ин ба рушди минбаъда ва некӯаҳволии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз, баргузории маъракаи байналмилалии «Global Money Week-2020» барои ҷалби диққати бештар ба аҳамияти ҳуқуқҳои молиявӣ, хусусан барои кӯдакон ва ҷавонон мусоидат менамояд, зеро бо шарофати дастрасӣ ба маърифати молиявӣ кӯдакон тарзи оқилона идора кардани пулро меомӯзанд.
Илова бар ин, шиори «Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!» ба ҳамагон имкон медиҳад, ки оқилона истифода бурдани пул, фикр кардани ояндаи худ, барои худ ва оила пул кор карданро омӯзанд. Дар доираи баргузории маъракаи «Global Money Week-2020» давоми як моҳ ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон оид ба саводнокии молиявӣ барои хонандагон ва донишҷӯён семинару тренинг ва экскурсияҳо ташкил намуда, инчунин боздид аз осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва иншооти истеҳсолӣ дар назар аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






