Дар Тошканд кӯча ва ҷоизаи ба номи Камолиддини Беҳзод пайдо мешаванд

Апрель 22, 2020 12:35

ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев стипендия ва ҷоизаи ба номи рассом Камолиддини Беҳзодро таъсис дод ва инчунин дастур дод, ки яке аз кӯчаҳои Тошканд ба номи ӯ гузошта шавад. Дар ин бора дар фармони президент аз 21 апрели соли равон, ки онро АМИ «УзА» нашр кард, омадааст.

Тибқи фармони президент, моҳи октябри соли 2020 ҷашни 565-солагии Беҳзод баргузор мешавад. Барои омода кардани ин чорабинӣ кумитаи тадорукот таъсис дода шудааст. Аз оғози соли таҳсили 2020/2021 барои донишҷӯёни донишгоҳҳои дорои ихтисосҳои «санъати тасвирӣ, санъати амалӣ ва дизайн» стипендияи давлатии ба номи Беҳзод таъсис дода мешавад.

Инчунин бо мақсади дарёфт ва дастгирии рассомони ҷавони боистеъдод ҳар сол озмуни анъанавии эҷодии миниатюраҳо ва ҳунарҳои мардумии «Камолиддини Беҳзод издошлари» ташкил карда мешавад.

Дар назди Академияи ҳунарҳои Ӯзбекистон Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва мутахассисони соҳаҳои таълими рассомӣ бояд ҳамчун марҳилаи тайёрӣ дар системаи таҳсилоти баъдидипломӣ ташкил карда шаванд. Фаъолияти марказ 1 январи соли 2022 оғоз меёбад.

То 15 сентябри соли 2020 дастур дода шуд, ки хиёбони Осорхонаи санъати миниатюраи шарқии ба номи Камолиддин Беҳзод навсозӣ шуда, соли 2022 муҷассамаи рассом дар ҳудуди он гузошта шавад.

Дар бораи саҳми Беҳзод дар санъати Шарқ филми мустанад ба навор гирифта мешавад, моҳи октябри соли 2020 конфронс ва намоишгоҳи асарҳои Камолиддини Беҳзод ва пайравони ӯ баргузор шуда, феҳристи «Миниатюраи замонавии Ӯзбекистон» («Узбекистон замонавий миниатюраси») ба нашр расонида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Камолуддини Беҳзод‎, (тақр. 1455-1536) бузургтарин  мусаввир, наққош  ва  минётурнигори тоҷику форс аст, ки дар Шарқ бо номи ифтихории «Монии Сонӣ»  ва дар Ғарб бо номи «Рафаэли Шарқ» шӯҳрат дорад.

Камолуддини Беҳзод тақрибан соли 1455 дар Ҳирот ба дунё омадааст.  Беҳзод ҷиҳатҳои композитсионӣ ва мундариҷавии санъати тасвирии мардумони Шарқро ба ҳаёти халқ наздик намуда, баробари ҷанбаҳои романтикӣ тамоюли халқӣ ва реалистии онро инкишоф додааст.

Апрель 22, 2020 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд