Дар Тошканд кӯча ва ҷоизаи ба номи Камолиддини Беҳзод пайдо мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев стипендия ва ҷоизаи ба номи рассом Камолиддини Беҳзодро таъсис дод ва инчунин дастур дод, ки яке аз кӯчаҳои Тошканд ба номи ӯ гузошта шавад. Дар ин бора дар фармони президент аз 21 апрели соли равон, ки онро АМИ «УзА» нашр кард, омадааст.
Тибқи фармони президент, моҳи октябри соли 2020 ҷашни 565-солагии Беҳзод баргузор мешавад. Барои омода кардани ин чорабинӣ кумитаи тадорукот таъсис дода шудааст. Аз оғози соли таҳсили 2020/2021 барои донишҷӯёни донишгоҳҳои дорои ихтисосҳои «санъати тасвирӣ, санъати амалӣ ва дизайн» стипендияи давлатии ба номи Беҳзод таъсис дода мешавад.
Инчунин бо мақсади дарёфт ва дастгирии рассомони ҷавони боистеъдод ҳар сол озмуни анъанавии эҷодии миниатюраҳо ва ҳунарҳои мардумии «Камолиддини Беҳзод издошлари» ташкил карда мешавад.
Дар назди Академияи ҳунарҳои Ӯзбекистон Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва мутахассисони соҳаҳои таълими рассомӣ бояд ҳамчун марҳилаи тайёрӣ дар системаи таҳсилоти баъдидипломӣ ташкил карда шаванд. Фаъолияти марказ 1 январи соли 2022 оғоз меёбад.
То 15 сентябри соли 2020 дастур дода шуд, ки хиёбони Осорхонаи санъати миниатюраи шарқии ба номи Камолиддин Беҳзод навсозӣ шуда, соли 2022 муҷассамаи рассом дар ҳудуди он гузошта шавад.
Дар бораи саҳми Беҳзод дар санъати Шарқ филми мустанад ба навор гирифта мешавад, моҳи октябри соли 2020 конфронс ва намоишгоҳи асарҳои Камолиддини Беҳзод ва пайравони ӯ баргузор шуда, феҳристи «Миниатюраи замонавии Ӯзбекистон» («Узбекистон замонавий миниатюраси») ба нашр расонида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки Камолуддини Беҳзод, (тақр. 1455-1536) бузургтарин мусаввир, наққош ва минётурнигори тоҷику форс аст, ки дар Шарқ бо номи ифтихории «Монии Сонӣ» ва дар Ғарб бо номи «Рафаэли Шарқ» шӯҳрат дорад.
Камолуддини Беҳзод тақрибан соли 1455 дар Ҳирот ба дунё омадааст. Беҳзод ҷиҳатҳои композитсионӣ ва мундариҷавии санъати тасвирии мардумони Шарқро ба ҳаёти халқ наздик намуда, баробари ҷанбаҳои романтикӣ тамоюли халқӣ ва реалистии онро инкишоф додааст.








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






