Гулрӯ Ҷабборзода бо Роҳбари намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрели соли 2020 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода Роҳбари намояндагии ФАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳат АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Зимни мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ баёни вазорат ва ФАО дар заминаи лоиҳаҳои «Рушди зарфият барои тақвият додани амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар кишварҳои интихобшудаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» ва «Пешбурди рушди фарогири иқтисодӣ тавассути грантҳои ҳиссавӣ» дар ноҳияҳои пилотии ҷумҳурӣ ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои дастрасии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ба грантҳо барои фаъолияти кишоварзӣ ва баланд бардоштани зарфияти кишвар, ҷиҳати таъсис додани фазои мусоид барои амнияти озуқавории аҳолии осебпазир муҳокима шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба Нақшаи амали вазорат оид ба паст намудани шиддати таъсирнокии пандемияи коронавирус дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар хотимаи ҷаласа ҷонибҳо барои таҳияи амалҳои муштарак дар самтҳои мавриди назар ба мувофқиа расиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






