«ХОНА БА ХОНА». Бо ин усул дар Душанбе ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус суҳбату вохӯриҳо доир мешаванд

Апрель 22, 2020 16:28

ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе имрӯзҳо андешидани  тадбирҳои зарурӣ   ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус пурзӯр мегарданд. Бо супориши махсуси Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тозаю безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо воситаҳои муҳими муҳофизатӣ  ва дигар корҳои тамизкорӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр тақвият бахшида шуда, ҳамчунин бо мақсади  расонидани тавсияҳои мутахассисон  баҳри муҳофизат аз ин беморӣ масъулин  бо аҳолии пойтахт бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Дар ин радиф, кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе низ бо пуштибонӣ аз ин иқдомҳо, имрӯз бо сокинони маҳаллаи Равшангарони ноҳияи Фирдавсии пойтахт бобати фаҳмондани роҳҳои пешгирӣ аз ин вирус  вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар вохӯрии  мазкур  роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Убайдулло Қурбонзода аз сокинон даъват ба амал овард, ки дар ин давраи  ҳассосу ташвишовар, ки қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон одамон  аз вируси COVID -19  азият мекашанд ва он сабаби марги ҳазорон нафар гардидааст,  бояд  масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода,  қоидаҳои гигиенаи шахсиро қатъӣ риоя намуда,  беҳдошти манзилу кӯчаи хешро таъмин созанд.

Мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ  дар  Душанбе Зарина Зуҳурова ба ҳозирин таъкид намуд,  ба хотири нигоҳ доштани саломатии худ ва пайвандон сокинон  бояд аз оростани маъракаҳои калон, аз одатҳое, ба мисли  ба оғӯш гирифтану бӯсобусӣ  кардан ҳангоми вохӯрӣ бо хешу табор,   ки  ба андешаи  мутахассисон яке аз роҳҳои  паҳншавии ин беморӣ маҳсуб шудааст, ҳамчунин   бе зарурат рафтан ба ҷойҳои серодам  муваққатан худдорӣ намоянд.

“Гарчанде, ки имрӯз ин беморӣ  дар ҷумҳурии мо ба қайд гирифта нашудааст, аммо ин набояд боиси фориғболии мо гардад. Мо бояд дар ҳаққи насли калонсол, ки масунияташон нисбат ба ҷавонон заифтар асту тавре аз  таҷрибаи дигар давлатҳои бо ин вабо даст ба гиребон мушоҳида мегардад, асосан  барои онҳо гирифторӣ  ба бемории коронавирус хатарнок аст, андеша кунем. Аз ин рӯ, кӯшиш намоем, ки  онҳо муваққатан то  нест шудани ин беморӣ дар ҷаҳон аз гашту гузор дар ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд”,- афзуд Зарина Зуҳурова.

Гурӯҳи корӣ ба сокинони маҳаллаи мазкур варақаҳои иттилоотиро, ки дар он тавсияҳои мутахассисон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дарҷ гардидаанд, тақсим намуданд.

Чунин суҳбату вохӯриҳо дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳои чор ноҳияи шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.

Апрель 22, 2020 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид