Дар Душанбе нуқтаи забҳи чорво, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ аст, мавриди истифода қарор дода шуд

Апрель 8, 2020 13:58

ДУШАНБЕ, 08.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши махсуси Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои  таъминоти саривақтии аҳолӣ бо гӯшту маҳсулоти аз он омодашудаи босифат ва барои саломатии аҳолӣ безарар тадбирҳои амалӣ меандешад. Аз ҷумла, бунёди саллоҳхонаҳои дорои шароит ва  вазъи хуби санитарӣ  барои забҳи чорво ва мағозаҳои махсусгардонидашудаи гӯшту  маҳсулоти гӯштӣ — «Олами гӯшт» аз ҷумлаи ин тадбирҳост.

Бо  супориши бевоситаи Рустами Эмомалӣ  дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт  як нуқтаи забҳи чорво бо ҳолати хуби санитарӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти мазкур дар доираи дастгириҳои давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкорӣ ватанӣ Умаралӣ Алиматов сохта шуда, аз ҷойи парваришу нигоҳдории чорвои хурду калон, нуқтаи забҳи чорво ва бинои маъмурият иборат мебошад.

Сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Бобошо Қармишов зикр кард, ки «ҳамчун мутахассиси соҳа аз анҷоми иқдомҳои муфиди Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкили марказҳои махсуси савдои гӯшту маҳсулоти аз он омодашуда   ва  нуқтаи забҳи чорвои  ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ, ки он дар  таъмини солимии  аҳолӣ мусоидат менамояд, ниҳоят хушҳол ҳастам. Ҳангоми нигоҳдории  гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ риояи накардани қоидаҳои беҳдошт он  манбаи  бемориҳои сироятии хавфнок шуда метавонад. Пӯшида нест, ки то  ин замон  соҳибкорон чорворо дар ҳар куҷое, ки рост меомад, яъне маконе, ки ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуда  забҳ мекарданду гӯшти онро ба фурӯш мебароварданд. Аксари мақомоти назоратии беҳдоштӣ  аз  ҳоли табоҳи ин маконҳои забҳи чорво ҳамеша изҳори ташвишу нигаронӣ мекарданд. Ифтитоҳи нуқтаи забҳи чорво ва мағозаҳои махсусгардонидашудаи гӯшту  маҳсулоти гӯштӣ  дар пойтахт басо муҳим аст».

Иттилоъ дода шуд, ки  айни замон ба  ин нуқтаи забҳи чорво дар асоси шартнома 100 сар чорвои калон аз Украина ворид шуда, парвариш меёбад. Бо инобати талаботи аҳолии пойтахт ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ин чорво минбаъд забҳ шуда, ба нуқтаҳои фурӯш ирсол мегарданд.

Намояндагони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маросими ифтитоҳи саллоҳхона ширкат доштанд, бо масъулини он бобати риояи муқаррароти қонунгузорӣ тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, риояи онро аз шартҳои асосӣ маънидод карданд.

Гуфта шуд,  ки тибқи талаботи амалкунанда ҳар як чорвои барои забҳ парваришёфта бояд солим бошад. Дар ин ҷо ҳам мутахассисон аз ниҳодҳои марбутаи шаҳрию ҷумҳуриявӣ солимии чорворо қабл аз забҳ муайян мекунанд.  Чорвое, ки ҳарорати баланд дошта бошад ё дорои дигар оризаҳои ба бемориҳои сироятӣ монанд бошад, аз забҳ боз дошта шуда, дар ҷойи алоҳида ва дур аз дигар чорво нигоҳдорӣ мешавад. То замоне, ки ҳолати чорво хуб гардида, барои забҳ аз ҷониби мутахассис ризоият дода шавад.

Масъулини Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мегӯянд, чорво пас аз забҳ шуданаш ҳам тибқи талабот бояд як вақти муайян, аз ҷумла то 6 соат вобаста ба фасли сол барои инкишофёбии баъдизабҳӣ нигоҳ дошта шавад. Пасон гӯшт ба сардхона барои нигоҳдории минбаъда то давраи ба нуқтаҳои фурӯш дастрас шуданаш интиқол меёбад. Ин талаботест, ки дар ин салоҳхона барои иҷрои онҳо ҳамаи шароит фароҳам шудааст.

Мавриди зикр  аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои муассири Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ   бобати ҳифзи солимии истеъмолкунандагон дар пойтахт бунёди ин қабил иншоот вусъат меёбад.

Аз ҷумла, дар доираи дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ соли равон  дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватанӣ ҷиҳати пешниҳоди маҳсулоти босифат ба сокинон мағозаи фурӯши гӯшт ва маҳсулот аз он таҳия шуда,  бо номи «Олами гӯшт» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Давоми сол бунёди боз  8 адад мағозаҳои «Олами гӯшт»    дар ноҳияҳои пойтахт  ба нақша гирифта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гӯшт ва маҳсулоти гӯштиро дар беҳтарин шароит ва албатта, бо риояи талаботи бехатарӣ харидорӣ кунанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2020 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот намуданд
Шаҳрҳои Душанбе ва Нарваи Эстония ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун тақвият медиҳанд
Лоиҳаи Харитаи электронии шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид
Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад