МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ба хотири сармо назадани гули дарахтон боғдорон бояд дар гирди онҳо дуд ташкил намоянд
ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 8 апрел ва субҳи 9 апрел дар шаҳри Душанбе, водиҳои вилояти Хатлон, ба истиснои ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд борони башиддат борида, ба барфи тар мубаддал гардид. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бинобар вазъи номусоиди обу ҳавои имрӯза ба сохторҳои дахлдори кишоварзии ҷумҳурӣ тавсия дода шуд, ки тайёрии пешакиро оид ба рафъи ин зуҳуроти номатлуби табиӣ сари вақт роҳандозӣ намоянд, то ба хоҷагии халқи мамлакат зиёни зиёд нарасад.
Тавре дар суҳбат бо мо ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамол Саидзода иброз намуд, рӯзҳои охир ҳаво тағйир ёфта, дар пайи боронҳои пай дар пай дар ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои шимолӣ ва ҷанубӣ, инчунин шаҳри Душанбе барф борид.
Мавсуф зикр намуд, ки фоидаи барф барои соҳаи кишоварзии мамлакат зиёд аст, яъне оби барф нисбат ба обрасонии маъмулӣ чор маротиба таъсири зиёдтар дорад. Махсусан он барои маҳсулоти зироатӣ, ғалладонагӣ ва пахта фоидаи бештар дорад, зеро миқдори зиёди намиро дар замин нигоҳ медорад.
«Аммо боридани барф барои доманакӯҳҳо ва соҳаи боғдории мамлакат таъсири манфӣ дорад, яъне гули дарахтонро сармо мезанад. Ба хотири бартараф намудани вазъият боғдорон бояд корҳои пешгирикунандаро ба анҷом расонанд. Яъне дар гирди дарахтон дуд ташкил намоянд, то ҳарорати гирди дарахтро гарм нигоҳ доранд. Чунки дар ҳолати иҷро намудани ин амал оби даруни гули дарахтон ях намекунад. Агар оби гулҳо ях кунад, ҳосили дарахт нобуд мегардад»,- афзуд Саидҷамол Саидзода.
Дар баробари таъсири манфӣ гузоштани барф ба соҳаи боғдорӣ, он фоида низ дорад. Агар боғдорони мамлакат барфҳои гирди дарахтонро дар зери он ҷамъ намоянд, дар ин ҳолат намии решаи дарахт бештар гардида, хуб инкишоф меёбад.
Тибқи пешгӯи ҳавошиносон, шаби 9 ба 10 апрел, яъне баъд аз қатъ шудани бориш софшавӣ ва пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, то -2 дараҷа хунукӣ аз эҳтимол дур нест. 10 апрел рӯзона дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳарорат баланд мегардад.
Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода зикр намуд, ки дар робита ба пешгӯии ҳавошиносони мамлакат Вазорати кишоварзӣ барои пешгирӣ аз ин вазъият тамоми тадбирҳоро ба анҷом расонид. Дар баробари дигар соҳаҳои кишоварзӣ ба чорводорӣ низ аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.
Имрӯз чорводорон молҳоро дар фермаҳои мамлакат нигоҳ медоранд. Инчунин ҳамаи хоҷагиҳои чорводорӣ бо захираи хӯроки чорво таъмин мебошанд. Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ барои рафъи ҳолатҳои душвор дар давраи номусоидии вазъи ҳаво омода буда, хӯроки зарурии чорво захира намудааст.








Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд






