«МО САЛОМАТИИ ШУМОРО ҚАДР МЕКУНЕМ!». «Бонки Эсхата» ба сокинон ниқобҳо тақсим намуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2020. /АМИТ «Ховар». Кормандони «Бонки Эсхата» дар кӯчаҳои шаҳрҳои мамлакат дар доираи иқдоми хайриявии «Мо саломатии шуморо қадр мекунем!» ба аҳолӣ ниқобҳо тақсим намуданд. Пас аз гирифтани ниқоб одамон зуд онҳоро пӯшиданд, ки ин самараи иқдомро нишон медиҳад. Чорабинӣ бо мақсади мусоидат дар татбиқи чораҳои асосии муҳофизат аз сирояти коронавирус – COVID-19 гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз «Бонки Эсхата» хабар доданд.
«Мо намехоҳем дар канор бошем, хусусан дар чунин як давраи мушкил барои тамоми ҷаҳон. Аз ин рӯ, дастаи мо тасмим гирифт, ки аҳолии Тоҷикистонро бо тақсим кардани ниқобҳои ройгон дастгирӣ кунад. Бо ин амал мо ҳамбастагии худро дар пешгирии паҳншавии COVID-19 дар мамлакат нишон додем», — гуфт сардори Департаменти маркетинг ва рушди ҶСК «Бонки Эсхата» Фурқатулло Исматуллоев.
Кормандони «Бонки Эсхата» инчунин тамоми чораҳои заруриро барои муҳофизат аз COVID-19 риоя мекунанд. Дар бонк комиссияи махсус оид ба ҳолатҳои фавқулода таъсис дода шудааст, ки нақшаи амалро барои пешгирии вуруди COVID-19 таҳия намуда, онро татбиқ менамояд.
Дар бонки мазкур иттилоъ доданд, ки кормандон чораҳои асосиро медонанд ва ба таври қатъӣ қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя мекунанд. Коргарон бо ниқобҳо ва лавозимоти тамизгардонӣ таъмин буда, корҳои тоза намудани бино мунтазам гузаронида мешаванд.
Бо мақсади таъмини риояи масофа ва пешгирӣ аз издиҳоми мардум «Бонки Эсхата» ба мизоҷон тавсия медиҳад, ки аз хизматрасониҳои фосилавӣ, бахусус «Эсхата онлайн» истифода бурда, амалиёти бонкӣ анҷом диҳанд ва барои хидматҳо бидуни баромадан аз хона пардохт кунанд. Инчунин барои дигар намудҳои пардохт бонк истифодаи QR-пардохт, кортҳои бонкӣ ва терминалҳои пардохтро пешниҳод мекунад.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз дар мамлакат ягон ҳодисаи сирояти вируси COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
















Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






