Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз қисмҳои низомии мамлакат боздид намуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳ Раҳмонзода 28 апрел аз қисми низомии 02615-и ноҳияи Шоҳмансур ва 07150-и шаҳри Турсунзода дидан намуданд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни сафар аз омодагиҳои қисмҳои низомӣ вобаста ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, ҳолати бунгоҳҳои саломатӣ ва шароит дар вақти мулоиҷа, ҳолати буду боши сарбозон, инчунин ҷойи хоб, хурду хӯрок, ҷойҳои шустани дасту рӯй ва бадан, синфхонаҳои дарсӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ҷойҳои тамрини ҳарбӣ, фароғативу маишӣ (боғҳо) шинос шуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат зимни суҳбат бо сарбозону афсарон иброз намуд, ки «Артиши миллӣ — сипари боэътимодест, ки ба ҷасорату мардонагии ҷавонон асос ёфтааст. Хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад».
Ба сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои дар ихтиёр доштаашон тадбирҳои судманд андешанд.
Ба муовини Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки қисмҳои низомӣ бо маводи хӯрокӣ таъмин буда, захираи фаровони маҳсулоти хоҷагиҳои назди қисмҳои ҳарбӣ дар ихтиёри онҳо қарор дорад.
Ҳамчунин барои таъмини ҳолати санитарию гигиенӣ ва тамрини сарбозон маводи антисептикӣ ва лавозимоти варзишӣ тақдим карда шуданд.










«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






