Намояндаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ мавҷуд набудани сирояти коронавирусро дар Тоҷикистон расман эълон дошт

Апрель 1, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Роҳбари Намояндагии доимии Дафтари минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар Тоҷикистон Галина Перфилева рӯзи сешанбе  зимни мусоҳиба дар шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» мавҷуд набудани коронавирусро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон дошта, аз аҳолии кишвар хоҳиш намуд, ки гигиенаи худро риоя ва аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд.

«Ҳоло тамоми ҷаҳон бо COVID-19 мубориза мебарад, дар ҷаҳон қариб кишваре нест, ки дар он ин намуди беморӣ вуҷуд надошта бошад. Аз миёни 53 кишвари минтақа Тоҷикистон ва Туркманистон ду кишваре ҳастанд, ки дар онҳо ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст», — гуфт Галина Перфилева.

Ӯ илова намуд: «Вирус, тавре мо мефаҳмем, худ аз худ ба вуҷуд намеояд, балки он ба кишвар оварда мешавад. Аз ин рӯ, аз оғози (паҳншавии коронавирус), аз ҳолатҳои аввали (сирояти) он дар хориҷа, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии воридшавии вирус ба кишвар корҳои зиёдеро анҷом дод. То имрӯз, тибқи омори расмӣ ва мо низ тасдиқ мекунем, зеро мо бо лабораторияҳое, ки озмоишҳои марбутаро анҷом медиҳанд, ҳамкории зич дорем, дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 вуҷуд надорад».

Намояндаи СУТ иброз дошт, ки айни замон, беш аз 700 cанҷиш гузаронида шуд, ки натиҷаҳояшон манфӣ баромаданд. Бо мақсади расман итминон доштан, ки мо ба ин санҷишҳо эътимод дошта метавонем, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ якҷо бо СУТ маводҳоро барои тасдиқи ин ҳолатҳои манфӣ ба Москва ва Лондон фиристоданд. Ҳамаи санҷишҳои такрории натиҷаҳои манфии  дар Тоҷикистон муайянкардашуда низ натиҷаи манфӣ доданд. «Яъне тасдиқ гардид, ки дар Тоҷикистон санҷиш босифат гузаронида шудааст ва то ҳол дар кишвар расман ин гуна ҳолатҳо мавҷуд нестанд», — гуфт ӯ.

«Моҳи феврал аз аввалин гумонбарон ташхис гирифта, ба Федератсияи Россия фиристода шуд. Баъдан, «Роспотребнадзор»-и Россия ба Тоҷикистон 2 ҳазор тест кумак намуд. Ин ниҳод боз ҳазор ва ҳафтаи гузашта тестҳо барои гузаронидани санҷиши 20 ҳазорро тақдим намуд. Инчунин ҳазор тест аз Олмон тақдим шуд ва бо Чин оид ба дастрас намудани тест созиш ба даст омад», — гуфт роҳбари намояндагии СУТ.

Апрель 1, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон