Нависанда Садриддин Ҳасанзода манзили истиқоматиашро ба китобхонаи оммавӣ табдил додааст

Апрель 8, 2020 09:37

ДУШАНБЕ, 08.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нависанда, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, сардабири маҷаллаи «Душанбе» Садриддин Ҳасанзода  дар ҳамовозӣ ба ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати рушди китобхонаҳои деҳот ва тарғиби китоб манзили истиқоматиашро ба китобхонаи оммавӣ табдил додааст. Он аз ду толори барҳаво, китобхонаи электронии ба шабакаи интернет пайваст ва гӯшаи матбуоти даврӣ иборат мебошад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ хабар доданд, қарори раиси ноҳия бобати ба феҳристи иншооти ҷашнӣ ворид кардани ин китобхона ба тасвиб расидааст.

Сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва ҳунарҳои  мардумии Вазорати фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода  иброз дошт, ки  дар яке аз мулоқоти адибон бо мактаббачагони ноҳияи Восеъ соли 2019  зимни ёдовариҳо аён гашт, ки деҳаи Кадучиро  нависандаи машҳур Ҷалол Икромӣ «Шерози Тоҷикистон» ном  бурдааст. Он 13 адиб ва олими варзидаро ба камол расонидааст. Метавон бо ифтихор номи Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Раҷаб Мардон, Абдулҳамид Самадов, бародарон Наҷот, Ҳусайн ва Ҳусейн Сафаровҳо, Мирзо Табар, Раҳим Рафиев,  Мусамир Гулаҳмадов, Тағай Ҳомидов, Ҷумахон Мӯминов ва Абдуҳаким Неъматовро ба забон гирифт. Садриддин Ҳасанзода идомабахши орзуву ормони наҷиб ва амалҳои созандаи онҳо маҳсуб меёбад.

«Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Восеъ Субҳон Раҷабов иброз дошт, ки нависанда С. Ҳасанзода чанд муддат директории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6, 56 — ро бар уҳда дошт ва чанд даъват вакили маҷлиси маҳаллӣ низ интихоб гаштааст. Бо ташаббус ва хайрхоҳии ӯ беморхонаи амрози сил тағйири ҷой карда, дар маҳаллаи Дашти Дилӣ пайроҳа, мағоза ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 аз нав сохта шуд»,- афзуд  номбурда  зимни ёдоварӣ аз он вохӯрӣ.

Қурбон Ғуломзода   дар тақвияти гуфтаҳояш  афзуд, ки  «амали дигари ҷавонмардонаи Садриддин Ҳасанзода  он аст, ки ҳар сол дастаҳои варзишгарони маҳаллиро баҳри иштирок дар сабқат маблағгузорӣ менамояд Пас аз анҷоми маҳфили адабӣ шоҳиди баргузории мусобиқаи дастаҳои футболбозони ҷавон шудем. Ба ғолибон медалу ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия Восеъ, туҳфаҳои нависандаи сахопеша Садриддин Ҳасанзода ва ҷоми таъсисдодаи ӯ тақдим шуданд».

Инчунин ба хотири ҳавасмандгардонӣ, ривоҷи истеъдоди хонандагон ва афзудани майлу рағбаташон ба таълим, инноватсия ва забондонӣ С.Ҳасанзода аз ҳисоби нафақапулии худ ба 6 хонандаи соҳибистеъдод ҳар сол тибқи қарори шуъбаи маорифи ноҳия идрорпулӣ муқаррар кардааст.

Нависанда  С. Ҳасанзода дар ин  деҳа мактаб  бунёд  кардааст,  ки бо қарори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба номи қиблагоҳи ӯ Абдуллои Ҳасан, устоди пахтаи тоҷик, собиқ вакил дар маҷлиси вакилони вилояти Кӯлоб, дорандаи чандин ифтихорномаҳои Шӯрои Олии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.

Садриддин Ҳасанзода нависанда ва рӯзноманигори ҳақиқатнигор буда, повести аввалинаш соли 1989 аз тариқи нашрияи «Адиб» ба табъ расидааст. Ӯ муаллифи даҳҳо маҷмӯаҳои қисса, ҳикоя, очерк, тарҷумаҳо — «Эҳёи Када», «Чароғи лола», «Дарёи нур», «Доғи сӯзон», «Пуштаи зардолуҳо», «Рўшноӣ – растагорӣ. Роғун; баҳс ва воқеият», «Ашки қалам», «Нашъамандӣ ва ҷомеа», «Муҷассамаи нодир», «Ёдҳои парокандаи бодияҳо», «Чароғи давра», «Мифтоҳи ганҷ», «Саҳифаҳои ҷолиб», «Иморати сухан», «Фарҳангшиносӣ», 150 мақолаи илмӣ – оммавӣ ва 15 филми мустанади телевизионӣ мебошад.

Ба амалҳои Садриддин Ҳасанзода нигариста, дили кас аз фараҳ лабрез мегардад, воқеан ҳам  ӯ  дар дӯст доштани Ватан барои ҷавонон   намунаи ибрат аст. Месазад, ки дигар адибону соҳибкорон ба амалҳои  наҷибонаи ӯ  дар рушди деҳот  пайравӣ намоянд.

Нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Садриддин Ҳасанзода аз соли 1995 то инҷониб дар пойтахт иқомат дошта, ҳоло сардабирии маҷаллаи «Душанбе»-ро ба уҳда дорад.

                                                                                                    Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2020 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 34-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифтанд
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнии асарҳои рассомони ҷавони тоҷик ифтитоҳ ёфт
Дар Институти биологии Помир оид ба рушди илму дониш дар замони истиқлол ҳамоиш доир шуд
Вазъияти кунунӣ ва сатҳи радиатсияи Искандаркӯл омӯхта мешавад
Китоби «Устозурраис Абурайҳони Берунӣ» ба нашр расид
РӮЗИ КИТОБ. Ғизои маънавии зиндагӣ бе китоб рангин нест
РӮЗИ КИТОБ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад
Дар Душанбе намоиш-фурӯши калони китобҳои тозанашр баргузор мегардад
Мутахассисони тоҷику хориҷӣ дар пиряхи Якарча таҳқиқоти маҷмуии илмӣ гузарониданд
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ нахустин ҳамоиши минтақавӣ доир шуд
Зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои санъати тасвирӣ ва дизайн тағйироти амиқ ба вуҷуд овардааст
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025» оғоз гардид