Байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 29.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон ёддошти тафоҳум ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Ин санад дар ҳошияи баргузории намоиши байналмилалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон ба имзо расид.
Санадро директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода ва директори Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон Амина Меликова ба имзо расониданд.
Ба имзо расидани ин санади муҳим имкон медиҳад, ки ҳамкории мутақобили судманд байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон дар соҳаи осорхонашиносӣ, тарғиби мероси фарҳангӣ ва ҳамчунин тақвияти робитаҳои илмӣ тавсеа ёбад.
Дар доираи ёддошти тафоҳум ҷонибҳо имкон доранд, ки мутахассисони соҳаи кори осорхонавиро дар самти тармим ва таҳкими ашёи нодири таърихӣ омӯзонанд, феҳристи осори миллиро нашр намуда, намоишҳои осорхонавӣ, семинарҳо, симпозиумҳо, конфронсҳо ва анҷуманҳои муштарак доир ба масъалаҳои ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ баргузор кунанд.
Ҳамзамон дар доираи баргузории намоиши байналмилалии «Олами гулдӯзии тоҷикон» роҳбарият ва ҳайати кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон толорҳои намоишии Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷонро тамошо намуда, бо намунаҳои нодири қолинҳо ва маҳсули ҳунари қолинбофии анъанавии Озарбойҷон, ки таърихи куҳан дорад, аз наздик шинос гардиданд.
Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон яке аз муассисаҳои бонуфузи фарҳангӣ буда, на танҳо коллексияи нодири қолинҳоро ҳифз, нигаҳдорӣ ва муаррифӣ менамояд, балки ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва маърифатӣ низ машғул мебошад. Бинои осорхона, ки ба шакли қолини печонида тарҳрезӣ шудааст, намунаи ҷолиби меъморӣ ва яке аз рамзҳои шаҳри Боку мебошад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






