Ба муносибати Рӯзи Мавлоно конференсияи илмию амалӣ доир гардид

Сентябрь 29, 2025 15:20

ДУШАНЕБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно ҷашн гирифта мешавад.  Ба ин муносибат имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – муаррифи фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳон» конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» таҷлил мегардад.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоире мебошад, ки бо гузашти солҳо меҳраш ба қалби ҳамагон шуъла мепошад ва ҳамасола дар бораи шахсияташ мегӯянду менависанд. Ҷалолуддини Балхӣ дар ганҷинаи маданияти ҷаҳонӣ осори бой боқӣ гузоштааст. Мавлоно мутафаккири бузурги замонаш буда, дар инкишофи озодфикрӣ ва тараққиёти тафаккури назариявӣ хизмати бузург намудааст.

Бо ибтикори Президенти Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО- дар шаҳри Парижи Фаронса ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир гардида, дар ҷумҳурӣ озмуни «Маснавихонӣ» баргузор шуд.

Ҳамзамон дар конференсия гуфта шуд, ки Мавлонои Балхӣ инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқу ҳамбастагии онҳоро тарғиб менамуд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ ба ақидаи Мавлоно қодир аст заминро бо осмон хешу табор гардонад. Ҷалолуддини Балхӣ аз он нобиғагони нодир аст, ки таърихи фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст. Ӯ бо ҳама бузургӣ устуравор дар майдони андешаи қарнҳо қомат афрохта, ҷилои тафаккураш забони тоҷикиро шукуҳу ҷалол бахшидааст.

Дар ҷараёни конференсия аз ҷониби иштирокдорон дар мавзуъҳои «Шахсияти Мавлоно ва таълимоти ӯ аз нигоҳи мутафаккирони гузашта ва муосири Шарқу Ғарб», «Таҳқиқ ва нашри осори Мавлоно дар Тоҷикистон», «Инсон дар таълимоти фалсафию ирфонии Мавлоно» ва «Нусхаҳои хаттии Мавлоно дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоев» маърузаҳо пешниҳод карда шуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид