Новобаста ба пандемия истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Апрель 28, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонии Тоҷикистон  дар семоҳаи якуми соли равон ба маблағи 566,9 миллион сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, ки ин омор дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69,7 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ  дар ин давра 8,4 фоизро ташкил дод. Соли равон дар ҷумҳурӣ беш аз 977 ҳазор тонна семент, зиёда аз 10 миллион  дона хишт, 10,3 ҳазор  метри мукааб газоблок, 312,8 ҳазор метри мукааб масолеҳи ғайримаъданӣ, 86,9 ҳазор дона гаҷкартон ва зиёда аз 217 ҳазор дона шифер истеҳсол гардидааст. Ҳамзамон дар ин давра аз Тоҷикистон  ба хориҷа ба маблағи беш аз 13  миллион доллар  семент содирот гардида, аз хориҷа ба Тоҷикистон ба маблғи 3,4 миллион доллар кошӣ, 2,1 милион доллар шиша ва қариб  1 миллион доллар гаҷкартон ворид карда шудааст. Дар маҷмӯъ ҳаҷми содироти масолеҳи сохтмонӣ  13,8 миллион доллар ва воридот 10,2 миллион долларро ташкил медиҳад, ки содирот 3,6 миллион   доллар зиёд мебошад.

Дастовардҳои корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонии мамлакат дар партави  татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -саноатикунонии босуръати мамлакат ба даст омадаанд.

Акс аз бойгонӣ

Апрель 28, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд