ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад
ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани барф ва боронҳои бошиддат дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши бошиддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат дар назар аст. Саҳар дар водиҳо ва доманакӯҳҳо боридани барфи тар пешбинӣ шуда, нимаи дуюми рӯз дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, нимаи дуюми рӯз туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шабона ва саҳаргоҳон барфи бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.








Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид






