ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад

Апрель 9, 2020 08:03

ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани барф ва боронҳои бошиддат дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо  борон ва барф меборад. Шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши бошиддат дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 2+7 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   абрнок шуда,  дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат дар назар аст. Саҳар дар водиҳо ва доманакӯҳҳо боридани барфи тар пешбинӣ шуда, нимаи дуюми рӯз дар минтақаҳои  кӯҳӣ ва ағбаҳо туман мефарояд.  Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо  борони бошиддат борида,  нимаи дуюми рӯз туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 5+10  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад.  Шабона ва саҳаргоҳон барфи  бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 1+3 ва  рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 9, 2020 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст