Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таэквондо (WTF) миёни наврасон муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 11-12 апрел дар шаҳри Турсунзода Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таэквондо (WTF) миёни наврасон баргузор шуд. Варзишгарони навраси дастаи Душанбе-1 бо ба даст овардани бештари медалҳо ҷои аввалро сазовор шуданд. Варзишгарони шаҳру навоҳии тобеи марказ ҷои дуюм ва дастаи ВМКБ ҷои сеюмро ишғол карданд.
Дар ин бора аз Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар мусобиқаи мазкур беш аз 126 нафар варзишгарон дар ҳайати дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, ВМКБ, Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи марказ иштирок карданд. Мусобиқа миёни духтарону писарон тибқи қоидаҳои Ташкилоти таэквондои ҷаҳонӣ (WTF) дар се равия – пумсе, ТК-5 ва инфиродӣ сурат гирифт.
Мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасон ба намуди олимпии таэквондо ва муайян кардани беҳтаринҳо дар ин намуди варзиш доир гардид.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






