Олимон роҳи ягонаи сироятшавӣ ба коронавирусро аз қатраҳои ҳангоми сулфа ва атсаи бемор ҷудошуда донистанд
ДУШАНБЕ, 23.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сирояти коронавирус аз тариқи ҳаво ё дастрасонӣ аз эҳтимол дур аст, роҳи ягонаи сироятшавӣ шамидани қатраҳоест, ки ҳангоми сулфа ва атсаи бемор ҷудо мешаванд. Вирусшиносони Пажӯҳишгоҳи минтақаи Ҳайнсберг дар Германия ба чунин хулоса омадаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Комсомольская правда».
Мувофиқи хулосаи онҳо, SARS-CoV-2 бидуни ҷисми зинда имконияти зинда монданро аз даст медиҳад, коронавирус дар дастаи дару тиреза ва телефон низ қобилияти зистанро гум мекунад, дар тарабхона ва мағоза эҳтимоли ками сироят шудан мавҷуд аст.
Вақте мо намунаҳои изҳоро аз дастаҳои дар, телефон ва ҳоҷатхона гирифтем, маълум гардид, ки рушд ва таҳқиқи вирус дар асоси ин намунаҳо дар озмоишгоҳҳо имкон надорад, иқтибос меорад рӯзномаи «Комсомольская правда» аз суҳбати радиоии роҳбари институт Хендрик Штреек.
Муҳаққиқон муайян намуданд, ки барангезандаи коронавирус нисбат ба хушкшавӣ ҳассос аст ва сироятшавӣ вақте рух медиҳад, ки одамон бо якдигар муддати дароз дар иртиботанд.
АКСИ «Взгляд.ру»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






