Олимон роҳи ягонаи сироятшавӣ ба коронавирусро аз қатраҳои ҳангоми сулфа ва атсаи бемор ҷудошуда донистанд

Апрель 23, 2020 11:53

ДУШАНБЕ, 23.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сирояти коронавирус аз тариқи ҳаво  ё дастрасонӣ аз эҳтимол дур аст, роҳи ягонаи сироятшавӣ  шамидани   қатраҳоест, ки   ҳангоми сулфа ва атсаи бемор ҷудо мешаванд. Вирусшиносони Пажӯҳишгоҳи минтақаи  Ҳайнсберг дар Германия ба чунин хулоса омадаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Комсомольская правда».

Мувофиқи хулосаи онҳо, SARS-CoV-2  бидуни ҷисми  зинда имконияти  зинда монданро аз даст медиҳад, коронавирус дар дастаи дару тиреза  ва телефон низ қобилияти зистанро  гум мекунад,  дар тарабхона ва мағоза  эҳтимоли ками сироят шудан мавҷуд аст.

Вақте мо  намунаҳои изҳоро аз дастаҳои дар, телефон ва ҳоҷатхона гирифтем, маълум гардид, ки  рушд ва таҳқиқи вирус дар асоси ин намунаҳо дар озмоишгоҳҳо имкон надорад,  иқтибос  меорад рӯзномаи «Комсомольская правда»  аз суҳбати радиоии  роҳбари институт  Хендрик Штреек.

Муҳаққиқон муайян намуданд, ки барангезандаи коронавирус  нисбат ба хушкшавӣ ҳассос аст  ва сироятшавӣ  вақте рух медиҳад, ки одамон бо якдигар  муддати  дароз дар иртиботанд.

АКСИ «Взгляд.ру»

Апрель 23, 2020 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»