Пагоҳ дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» дар пойтахт баргузор мешавад

Апрель 3, 2020 10:57

ДУШАНБЕ, 03.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 4 апрел дар Боғи фарҳангиву  фароғатии ба номи С.Айнии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» дар пойтахт  барпо  мешавад. Барои муайян намудани ғолибони он ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ таъсис ёфта,  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда  ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмуни шаҳрӣ аз рӯи чор номинатсия 88  ҳазор  сомонӣ ҷудо  намудааст.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои ғолиби ҷойи якуми озмун «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10  ҳазор сомонӣ, барои ғолиби ҷойи дуюм «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7  ҳазор сомонӣ ва барои ғолиби ҷойи сеюми  «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ  муқаррар гардидааст».

Тибқи қарори дахлдор, ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони озмун дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкории пойтахт беҳтарин композитсия, дизайни ҷолиби мавзеи гулзор ва сифати корҳои иҷрошударо  аз назар гузаронид ва пагоҳ дар маросими зикршуда ғолибони он  эълон мегарданд.

Ҷоизи тазаккур аст, ки комиссияи Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ соли 2019 боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Аҳмади Дониш, ба номи Алишери Навоӣ, ба номи Садриддин Айнӣ, «Кӯли ҷавонон», «Ирам», «Ҷавонон» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро барои иштироки фаъолонаашон дар озмуни «Сайри гули лола»  бо сипосномаи Кумитаи рушди маҳал сарфароз гардонида буд.

Хотиррасон мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  моҳи марти соли 2019  рамзи Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо- «Сайри гули лола» барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардида буд. Рамзи  мазкур  аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар он гулҳои лола, парасту, хуршед ва рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд.

Апрель 3, 2020 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни аксҳо таҳти унвони «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ» эълон гардид
То соли 2030 фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе манъ мегардад
«KUDAK.TJ». Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба ин барномаи иттилоотӣ пайваст гардид
Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест-2025» баррасӣ шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
Имрӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
DITE-2025: Душанбе ба маркази нави сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад
DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд