Пагоҳ дастаҳои футболи «Душанбе-83» бо «Истиқлол» ва КМВА бо Хуҷанд» бозӣ мекунанд

Апрель 7, 2020 09:05

ДУШАНБЕ, 07.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 8  апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе   бозии даври якуми  Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои  футболи «Душанбе-83»-и Душанбе  ва «Истиқлол»-и Душанбе   баргузор мешавад. Бозии мазкур бидуни иштироки мухлисон сурат мегирад. Мавзӯи мазкурро мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Вохӯрии дастаҳои  футболи «Душанбе-83» ва «Истиқлол» бояд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор мешуд, вале бо маслиҳати дастаҳо  бозии мазкур дар Душанбе доир мегардад.

5  апрел  мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз гардида буд. Дастаҳои нави Лигаи олӣ – «Локомотив-Помир»-и Душанбе  ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ байни ин дастаҳо  хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби  мусовӣ-  2:2   анҷом ёфт.

Дар вохӯрии дигар дастаи «Хатлон»-и Бохтар  бар дастаи  футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳамчунин   дидори дастаҳои  футболи «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ  ва «Регар-ТадАЗ»-и  Турсунзода    бо ҳисоби мусовии   0:0  хотима  ёфт.

Ёдовар мешавем, ки  ду бозии дигари даври якуми Чемпионати Тоҷикистон 8 апрел доир мегарданд. Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и Хуҷанд  дар меҳмонӣ бо дастаи КМВА бозӣ карда, дастаи  «Душанбе-83»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе бо   дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе рақобат мекунад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. 1-ум давр 

«Локомотив-Помир» – «Файзканд» – 2:2

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 49 (0:1). Шаҳром Сулаймонов, 55 (1:1). Азизбек Ҳасанов, 71 (2:1). Азизҷон Зарипов, 72 (2:2).

5 апрел. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Хатлон» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Илҳом Баротов, 10 (0:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 53 (1:1). Эҳсон Бобоев, 90+4 – аз пеналтӣ (2:1).

5 апрел. Ҷалолиддин Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов.

«Куктош» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0

5 апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

8 апрел (чоршанбе)

Оғози бозӣ 18:00

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

КМВА – «Хуҷанд»

Душанбе, Варзишгоҳи КМВА ВМ ҶТ

Апрель 7, 2020 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд