Профессор Абдусаттор Саидов: «Истеъмоли ғизои солим ва аз лиҳози экологӣ тоза метавонад шахсро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус эмин нигоҳ дорад»
ДУШАНБЕ, 08.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Истеъмоли ғизои солим ва аз лиҳози экологӣ тоза метавонад масунияти бадани инсонро баланд бардошта, ӯро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, коронавирус то андозае эмин нигоҳ дорад. Ин нуктаро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор САИДОВ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукуҳи ДАЛЕР баён дошт.
Ба андешаи ин олими тоҷик, илми ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки бештар нафарони синнашон аз 60 боло зери хатари сироятёбӣ аз COVID-19 қарор гирифтаанд. «Ин ба паст будани иммунитети бадани онҳо вобаста аст, ки бо ҳар гуна вирус мубориза бурда наметавонад»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Абдусаттор Саидов ба он андеша аст, ки ба қайд гирифта шудани шумораи зиёди фавти одамон дар давлатҳои Аврупо ва Америка аз ҷиҳати дигар ба нуфузи аҳолии онҳо вобаста аст.
«Зеро тибқи баҳогузориҳои байналмилалӣ, дар ин минтақаҳо шахсони синнашон аз 60 боло хеле зиёд мебошанд. Одатан иммунитети бадани ин гуна одамон суст шуда, бемориро сахт паси сар мекунанд, ё ба он тоб оварда наметавонанд», — гуфт ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамсуҳбати мо зикр намуд, ки шахсони аз 18 то 40-сола иммунитети хеле баланд доранд ва онҳо ба ин ё он вирус сироят ёбанд ҳам, аломатҳояш дер маълум гашта, бемориро ба осонӣ паси сар мекунанд.
«Аз нуқтаи назари дигар, ин гурӯҳи аҳолӣ дар паҳн кардани бемориҳои сироятӣ нақши калон мебозанд»,- гуфт мавсуф.
“Хушбахтона,- изҳор намуд Абдусаттор Саидов, — дар Тоҷикистон шаҳрвандон ғизои аз лиҳози экологӣ тоза ва солимро бештар истеъмол мекунанд”.
Ба гуфтаи мавсуф, Тоҷикистон дар минтақаи субтропикии хушк ҷойгир аст. Бо назардошти таъсири баланди офтоб меваю сабзавоти истеҳсолшуда аз нуқтаи назари витаминнокӣ хеле ғанӣ мешаванд ва истеъмоли онҳо барои боло бурдани масунияти бадан мусоидат мекунад.
«Вақте масунияти бадан қавӣ аст, муборизаи организм ба ҳама гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус хеле баланд мебошад»,- хулоса намуд олими тоҷик.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






