Профессор Абдусаттор Саидов: «Истеъмоли ғизои солим ва аз лиҳози экологӣ тоза метавонад шахсро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус эмин нигоҳ дорад»

Апрель 8, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 08.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Истеъмоли ғизои солим ва аз лиҳози экологӣ тоза метавонад масунияти бадани инсонро баланд бардошта, ӯро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, коронавирус  то андозае эмин нигоҳ дорад. Ин нуктаро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор САИДОВ   дар суҳбат бо  хабарнигори  АМИТ «Ховар» Шукуҳи ДАЛЕР  баён дошт.

Ба андешаи ин олими тоҷик, илми ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки бештар нафарони синнашон  аз 60 боло зери хатари сироятёбӣ аз COVID-19 қарор гирифтаанд. «Ин ба паст будани иммунитети бадани онҳо вобаста аст, ки бо ҳар гуна вирус мубориза бурда наметавонад»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Абдусаттор Саидов  ба он андеша аст, ки ба қайд гирифта шудани шумораи зиёди фавти одамон дар давлатҳои Аврупо ва Америка аз ҷиҳати дигар  ба нуфузи аҳолии онҳо вобаста аст.

«Зеро тибқи баҳогузориҳои байналмилалӣ, дар ин  минтақаҳо шахсони синнашон  аз 60 боло хеле зиёд мебошанд. Одатан иммунитети бадани ин гуна одамон суст шуда, бемориро сахт паси сар мекунанд, ё ба он тоб оварда наметавонанд», — гуфт ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамсуҳбати мо зикр намуд, ки шахсони аз 18 то 40-сола иммунитети хеле баланд доранд ва онҳо ба ин ё он вирус сироят ёбанд ҳам,  аломатҳояш дер маълум гашта, бемориро ба осонӣ паси сар мекунанд.

«Аз нуқтаи назари дигар, ин гурӯҳи аҳолӣ дар паҳн кардани бемориҳои сироятӣ нақши калон  мебозанд»,- гуфт мавсуф.

“Хушбахтона,- изҳор намуд Абдусаттор Саидов, — дар Тоҷикистон шаҳрвандон ғизои аз лиҳози экологӣ тоза ва солимро бештар истеъмол мекунанд”.

Ба гуфтаи мавсуф, Тоҷикистон дар минтақаи субтропикии хушк ҷойгир аст. Бо назардошти таъсири баланди офтоб меваю сабзавоти истеҳсолшуда аз нуқтаи назари витаминнокӣ хеле ғанӣ мешаванд ва истеъмоли онҳо барои боло бурдани масунияти бадан  мусоидат мекунад.

«Вақте масунияти бадан қавӣ аст, муборизаи организм ба ҳама гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус  хеле баланд мебошад»,- хулоса намуд олими тоҷик.

Апрель 8, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид