Санаи баргузории Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» ба вақти дигар монда шуд
ДУШАНБЕ, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Қарор буд, ки аз 14 то 18 апрели соли равон дар пойтахт якумин Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» баргузор шавад. Кумитаи тадорукоти Кинофестивал дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хуруҷи бемории коронавирус дар ҷаҳон санаи баргузории фестивали мазкурро ба вақти дигар гузошт. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Кумитаи тадорукот то эътидол ёфтани вазъ ва барқарории робитаҳои ҳавоию заминӣ миёни мамлакатҳо кинофестивалро мавқуф гузошт.
То муҳлати қабули филмҳо барои Фестивали байналмилалии «Душанбе» беш аз 85 дархост аз 30 мамлакати ҷаҳон пешниҳод шудааст. Ҳайати фестивал пеш аз баргузор шудани он филмҳоеро, ки барои озмун пешбинӣ мешаванд, эълон хоҳад кард.
Дар бораи вақти баргузории озмун иловатан хабар дода мешавад.








Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад






