Санаи нави баргузории Бозиҳои олимпии Токио маълум гардид

Апрель 1, 2020 16:10

ДУШАНБЕ, 01.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 июл то 8 августи соли 2021 санаи нави баргузории Бозиҳои 32-юми олимпӣ дар Токио эълон гардид. Ин тасмим пас аз конфронси видеоии президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах бо Президенти Кумитаи байналмилалии параолимпӣ, раиси Кумитаи тадорукоти «Токио-2020» ва Ҳукумати Япония гирифта шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири  АМИТ «Ховар» хабар дод.

Як ҳафтаи қабл бо қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Ҳукумати Япония Бозиҳои олимпии Токио бо сабаби авҷ гирифтани сирояти вируси корона ба вақти дигар, аммо на дертар аз тобистони соли 2021 ба таъхир афтоданд. Бозиҳои параолимпӣ аз 24 август то 5 сентябри соли 2021 ба нақша гирифта шуданд.

Таҷрибаи ба вақти дигар гузаронидани Бозиҳои олимпӣ дар таърих бори аввал аст ва ин тасмимро федератсияҳои байналмилалӣ ва кумитаҳои миллии олимпӣ дастгирӣ карданд. Аз рӯи нақшаи аввалин, бозиҳо бояд имсол аз 24 июл то 9 август баргузор мешуданд. Акнун дар тақвими варзиши ҷаҳон тағйирот ба амал хоҳад омад. Аз ҷумла, Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук-2021 ба соли 2022 гузаронида хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ, варзиши сабуки ҷаҳониро зарур меояд соли 2023 низ чемпионати ҷаҳон гузаронад ва соли 2024 боз дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кунад.

Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ-2021 низ, ки моҳи августи соли оянда ба нақша гирифта шуда буд, ба вақти дигар гузаронида мешавад.

Апрель 1, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд