Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи Душанбе-Бохтар шинос шуд

Апрель 21, 2020 17:18

ДУШАНБЕ, 21.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи Душанбе-Бохтар шинос шуд. Татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи октябри соли 2018 оғоз гардида, анҷоми он тирамоҳи соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти  Хатлон хабар медиҳад,  дар сафар Сарвазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарони як зумра вазорату идораҳо ҳамроҳӣ намуданд.

Зикр шуд, ки маблағи умумии марҳилаи якуми лоиҳа ба ҳолати 20 апрел 107,5 миллион доллари америкоиро ташкил дода, аз ин ҳисоб 90 миллион доллари америкоӣ гранти Бонки Осиёгии Рушд ва 17,5 миллион доллари америкоӣ ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба иттилои манбаъ, бо дастури Сарвазири мамлакат дар доираи лоиҳаи «Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар» марҳилаҳои 1 ва 2 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шафати роҳ 2220 бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шудаанд.

Инчунин дар ин рӯз Сарвазири мамлакат аз кишти зироати кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Фахри Истиқлол»-и ноҳияи Хуросон дидан намуд.

Хоҷагии мазкур дорои 14 гектар замин буда, кишоварзон ба кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, картошка, пиёзи барвақтӣ, сабзавот, аз қабили помидор, бодиринг, қаламфур ва хӯроки чорво машғул мебошанд.

«Кишти пахта дар майдони 10 га ба роҳ монда шуда, айни ҳол коркарди агротехникӣ ва нармкунии байни қаторҳо ҷараён дорад»,- афзуд манбаъ.

Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Хуросон инчунин бо таҷрибаи парвариши сабзавоти барвақтӣ дар заминҳои наздиҳавлигии  Абдуалим Қурбонов, ки дар он картошка ва сирпиёз кишт гардидааст, шинос гардида, мавсуфро барои деҳқонону сокинони мамлакат намунаи ибрат арзёбӣ намуд.

«Сарвазири мамлакат дар мулоқоти сарироҳӣ бо сокинони ноҳия онҳоро ба истифодаи оқилонаву самараовари замин, бардоштани ду-се ҳосил ва сарфаю сариштакорӣ даъват намуд», — афзуд манбаъ.

ДАР АКС: Боздиди Сарвазири мамлакат аз кишти зироати кишоварзӣ дар ноҳияи Хуросон.

Апрель 21, 2020 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд