Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, дар ҳолати зарурӣ метавонанд тавассути телефон ва алоқаи интернетӣ бо масъулин дар тамос шаванд
ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандоне, ки дар хориҷи мамлакат фаъолият менамоянд, мерасонад, ки вобаста ба вазъи бемории сироятии COVID-19 ва бо мақсади расонидани кумак ва машваратҳои фаврӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷа дар назди вазорат алоқаи доимӣ тавассути телефон ва алоқаи интернетиро бо рақамҳои 235-03-85, 236-68-88 ва +992 935 55 50 87 +992 918 50 66 77 (вайбер) роҳандозӣ намуд, ки онҳо метавонанд бо масъулини вазорат дар тамос бошанд.
Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Масъулини вазорат аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳру вилояти Россия қарор доранд, хоҳиш менамоянд, ки реҷаи муқарраргардидаи кишвари иқоматро риоя намоянд.
Тибқи фармони Раиси шаҳри Москва, шурӯъ аз 13 апрели соли равон бинобар хуруҷи сироятёбӣ аз коронавирус сафар дар шаҳр ва музофоти Москва дар ҳама намуди нақлиёти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва таксӣ тибқи иҷозатномаи махсуси рақамӣ, ки онро метавон дар сомонаи шаҳрдорӣ – www.mos.ru бо нишон додани мушаххасот ва ҳадафи сафар дарёфт кард, ба роҳ монда мешавад.
Яъне рухсатҳои махсусро метавон тариқи фиристодани паёмак ба рақами кӯтоҳи 7377 ё тариқи занги телефонӣ ба рақами телефонии +7 (495) 777-77-77 фармоиш дод ва шумораи он давоми ҳафта маҳдуд карда намешавад. Барои гирифтани он бояд ҷойи истиқомати воқеиро нишон дод, на ҷойи бақайдгирифташударо.
Тавре дар реҷаи муқарраргардида омадааст, тартиби гаштугузор ва тарки ҷойи истиқомат ба аҳолӣ мисли пештара, танҳо барои харидории доруворӣ, маҳсулоти ғизоӣ, истифода аз хизматрасонии бонкиву тиббӣ ва гаштугузор бо ҳайвоноти хонагӣ бо риояи фосила аз якдигар иҷозат шудааст. Барои кӯдакони то 14-сола рухсати рақамӣ талаб карда намешавад. Ғайр аз ин, бидуни иҷозат, вале бо шаҳодатнома судяҳо, ҳуқуқшиносон, нотариусҳо, рӯзноманигорон ва инчунин кормандони амният метавонанд ҳаракат кунанд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






