СММ ҳушдор медиҳад, ки пандемия метавонад дар давлатҳои араб миллионҳо нафарро бенаво созад

Апрель 2, 2020 10:32

ДУШАНБЕ, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи арзёбиҳои СММ, пандемияи коронавирус метавонад дар кишварҳои араб  8,3  миллион нафарро қашшоқ созад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Middle East Online» хабар медиҳад, дар ин бора  дар   гузорише, ки 1 апрел дар Бейрут аз ҷониби котиби иҷроияи Комиссияи  иқтисодию  иҷтимоии СММ   дар Осиёи Ғарбӣ  Рола Даштӣ манзур гардид, хабар дода шудааст.

Ба қавли  мавсуф, дар натиҷаи баста шудани корхонаҳо ва коҳиш ёфтани истеҳсолот,  ҳадди ақал  8,3 миллион аҳолии кишварҳои араб  метавонанд дар қатори  камбизоатон ҷой гиранд.

«Ҳукуматҳои давлатҳои араб бояд вокуниши оҷилро ба вазъиятҳои  фавқулода таъмин намоянд, то халқи худро аз гуруснагию қашшоқӣ ҳифз намоянд»,-иқтибос овардааст нашрия суханони  Даштиро.

Котиби иҷроияи  комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ дар  Осиёи Ғарбӣ ҳамчунин таъкид сохт, ки кишварҳои араб бояд низоми ҳифзи иҷтимоиро тақвият диҳанд.

«Оқибатҳои ин буҳрон  барои    гурӯҳҳои осебпазир – занон ва ҷавонон, ҳамчунин онҳое, ки дар ҷойҳои ғайрирасмӣ фаъолият доранд ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ва суғурта дар ҳолати бекорӣ дастрасӣ надоранд, махсусан вазнин хоҳад буд», — гуфт Даштӣ.

ДАР АКС: Рола Даштӣ. Расми unido.org

Апрель 2, 2020 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон