СММ ҳушдор медиҳад, ки пандемия метавонад дар давлатҳои араб миллионҳо нафарро бенаво созад
ДУШАНБЕ, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи арзёбиҳои СММ, пандемияи коронавирус метавонад дар кишварҳои араб 8,3 миллион нафарро қашшоқ созад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Middle East Online» хабар медиҳад, дар ин бора дар гузорише, ки 1 апрел дар Бейрут аз ҷониби котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ дар Осиёи Ғарбӣ Рола Даштӣ манзур гардид, хабар дода шудааст.
Ба қавли мавсуф, дар натиҷаи баста шудани корхонаҳо ва коҳиш ёфтани истеҳсолот, ҳадди ақал 8,3 миллион аҳолии кишварҳои араб метавонанд дар қатори камбизоатон ҷой гиранд.
«Ҳукуматҳои давлатҳои араб бояд вокуниши оҷилро ба вазъиятҳои фавқулода таъмин намоянд, то халқи худро аз гуруснагию қашшоқӣ ҳифз намоянд»,-иқтибос овардааст нашрия суханони Даштиро.
Котиби иҷроияи комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ дар Осиёи Ғарбӣ ҳамчунин таъкид сохт, ки кишварҳои араб бояд низоми ҳифзи иҷтимоиро тақвият диҳанд.
«Оқибатҳои ин буҳрон барои гурӯҳҳои осебпазир – занон ва ҷавонон, ҳамчунин онҳое, ки дар ҷойҳои ғайрирасмӣ фаъолият доранд ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ва суғурта дар ҳолати бекорӣ дастрасӣ надоранд, махсусан вазнин хоҳад буд», — гуфт Даштӣ.
ДАР АКС: Рола Даштӣ. Расми unido.org








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






