Соҳибкор Нусрат Файзуллоев ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Бохтар ба таври ройгон 100 ҳазор ниқобҳои тиббӣ тақдим намуд

Апрель 1, 2020 18:42

ДУШАНБЕ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муассиси ҶСШК «Ресандаи Қӯрғонтеппа» Нусрат Файзуллоев  ба муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  100 ҳазор ниқобҳои тиббиро ба таври ройгон тақдим  намуд. Айни замон корхонаи  «Ресандаи Қӯрғонтеппа»  пурра ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ гузашта, дар як шабонарӯз  7 ҳазор ниқоб  истеҳсол менамояд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ниқобҳо истеҳсоли корхонаи мазкур буда, 100% аз маҳсулоти пахта омода карда шудаанд. Ҳамчунин, дар ин корхона  ниқобҳо аз рӯи андозаҳои гуногун, аз ҷумла барои кӯдакон низ истеҳсол карда мешаванд.

Дар ҶСШК “Ресандаи Қӯрғонтеппа” 150 нафар мутахассисони маҳаллӣ кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора  99  фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Апрель 1, 2020 18:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд