«Сомон Эйр»: фирефтаи ҳиллаи қаллобони чиптафурӯш нагардед!

Апрель 3, 2020 15:50

ДУШАНБЕ, 03.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба хуруҷи коронавирус дар баъзе давлатҳои ҷаҳон қаллобоне пайдо шудаанд, ки  бо истифода аз вазъияти баамаломада тариқи интернет фурӯши  чиптаҳои ҳавопаймоиро ба хатсайрҳои мавҷуднабуда пешниҳод менамоянд. Дар ин росто,  ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба диққати шаҳрвандоне, ки хатсайрҳои махсусро аз Москва ба самти Душанбе интизоранд, мерасонад, ки фирефтаи чунин қаллобон нашуда, ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки мутобиқи дастури Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва роҳ надодан ба сироятёбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 20 марти соли 2020 иҷрои хатсайрҳои мунтазами байналмилалиро аз Тоҷикистон ва ба он қатъ намуд. Санаҳои 20, 22 ва 24 март ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» се парвози махсусро аз Душанбе ба Москва ва аз Москва ба Душанбе иҷро намуд.

Оид ба анҷом додани парвозҳои махсуси эҳтимолӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» қаблан мусофиронро огоҳ менамояд.

Апрель 3, 2020 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст