«Ташаббуси сохти Тоҷикистон – сайёҳӣ»-таҳти ин унвон ҳамоиши виртуалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти унвони «Ташаббуси сохти Тоҷикистон – сайёҳӣ» /Made in Tajikistan Initiative – Tourism/ бо истифода аз шабакаи интернет ҳамоиши виртуалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, бахши хусусӣ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, коршиносони соҳа, мушовирону аъзои Палатаи савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир ва Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Лондон ширкат намуданд. Иштирокдорони ҳамоиши виртуалӣ масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ ва муайян намудани самтҳои фаъолияти Палатаи савдо ва Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Лондон ҷиҳати рушди соҳаҳои афзалиятнок, бахусус сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Ҳамоиш бо мақсади татбиқи платформаи нав- «Ташаббуси сохти Тоҷикистон-сайёҳӣ» /Made in Tajikistan Initiative -Tourism/, ки аз ҷониби Сафорат, Палатаи савдо ва Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Британияи Кабир роҳандозӣ шудааст, доир гардид. Дар оянда платформаи мазкур тасмим гирифтааст, ки дар дигар соҳаҳо бо интихоби мавзӯъҳои муҳим ва ҷолиб фаъолияти худро таҳким бахшад.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






