Тоҷикобод 50 нафар ҷавонони ватандӯсти далерашро ба сафи Артиши миллӣ сафарбар намуд

Апрель 3, 2020 16:22

ТОҶИКОБОД, 03.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳни бинои коммиссариати ҳарбии  ноҳияи Тоҷикобод 61 нафар даъватшудагон бо мақсади аз ташхиси тиббӣ гузаштан  бо либосҳои варзишӣ ҷамъ омаданд.  Баъди баргузории муоинаи тиббӣ аз байни даъватшудагон 50 нафарашон ҳамчун ҷавонони солим барои хизмат интихоб шуда, ба сафи Артиши миллӣ сафарбар шуданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба хотири гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид, раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло зикр намуд, ки бо Фармони Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз 3 марти соли 2020 даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

«Ҷавонони шуҷою ғаюри ноҳияи Тоҷикобод ба комиссариати ҳарбии ноҳия омада, аз омодагӣ  барои адои қарзи шаҳрвандии худ дарак доданд. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан -вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ ҳар як ҷавони ба синни даъватӣ расида бояд бо ифтихор ва сарафрозӣ, бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди миллӣ ба дифои марзу буми Ватан омодагӣ гирифта, қарзи шаҳрвандии хешро дар назди Модар-Ватан иҷро намояд. Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз  обутоби бадан ва ҳамчун шахсият шинохташавии мард аз ҳамин  мактаб ибтидо меёбад»,- зикр намуд Ҳамидулло Маҳмадшозода.

Дар ҷамъомад ҳамчунин собиқадорони ҷангу меҳнат ва падару модарони наваскарон сухан гуфта, ҷавононро ба хизмати Ватан — Модар ҳидоят намуданд.

Дар хатми он ҳунармандони  бахши фарҳанги ноҳия бо рақсу сурудҳои дилнишин хотири наваскаронро шод намуда, онҳоро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намуданд.

Апрель 3, 2020 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд