ВКД-и Россия дар шароити пандемияи коронавирус хориҷиёнро депортатсия намекунад
ДУШАНБЕ, 24.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии (ВКД-и) Россия дар шароити пандемияи коронавирус шаҳрвандони хориҷиро аз кишвар берун намесозад ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳои онҳоро бекор намекунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТААС иттилоъ медиҳад, дар ин бора ба рӯзноманигорон роҳбари Идораи марказӣ оид ба масоили муҳоҷирати ВКД- и Россия Валентина Казакова хабар додааст.
«Дар ин давра нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ қарор оид ба депортатсия, аз кишвар хориҷ намудан ва норозигӣ аз буду боши онҳо ягон иқдом пешбинӣ нагардида, ҳамчунин ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар даст доранд, бекор карда намешаванд. Гап дар бораи раводид, иҷозатнома барои кор, иҷозатномаҳо барои буду боши муваққатӣ ва иҷозатнома барои зист меравад»,- гуфт ӯ.
Казакова таъкид намуд, ки корфармо ҳуқуқ дорад бидуни иҷозатномаҳо шаҳрвандони хориҷиро ба кор гирад. «Яъне, агар шаҳрванди хориҷӣ ба қаламрави Россия бо ҳар мақсаде, ки омада бошад, ҳуқуқ дорад аз 15 март то 15 июн бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда кор кунад. Дар байни шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз тариқи раводид ва бе раводид омадаанд, каме фарқият аст» ,- гуфт номбурда.
Ба гуфти ӯ, агар шахси хориҷӣ тавассути раводид ба Россия омада бошад, пас корфармо барои ҷалби қувваи кории ӯ бояд иҷозат дошта бошад, ки қаблан гирифтааст, агар бидуни раводид – ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Молдова, Украина ва Озарбойҷон дахл дорад, онҳо бе гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи кор кардан доранд, вале дар ин сурат корфармо уҳдадор аст дар ин бора ба шуъбаҳои сохторҳои муҳоҷирати ВКД хабар диҳад. «Ин барои баррасии вазъият дар бозори меҳнат хеле муҳим аст, зеро мо бояд донем, ки кадом шаҳрвандони хориҷӣ кор мекунад ва кӣ бекор мондааст. Мо вазъиятро меомӯзем ва бо корфармоён ҳамкории зич дорем», — хулоса кард Казакова.
АКС: Александр Демянчук/ТАСС








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






