ВКД-и Россия дар шароити пандемияи коронавирус хориҷиёнро депортатсия намекунад

Апрель 24, 2020 11:11

ДУШАНБЕ, 24.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии (ВКД-и) Россия дар шароити пандемияи коронавирус шаҳрвандони хориҷиро аз кишвар берун  намесозад ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳои онҳоро бекор намекунад. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТААС иттилоъ  медиҳад,  дар ин бора ба рӯзноманигорон роҳбари Идораи марказӣ оид ба масоили муҳоҷирати ВКД- и Россия Валентина Казакова  хабар додааст.

«Дар ин давра нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ қарор оид ба депортатсия,   аз кишвар хориҷ намудан ва норозигӣ аз буду боши онҳо ягон иқдом пешбинӣ нагардида, ҳамчунин ҳуҷҷатҳое,  ки шаҳрвандони хориҷӣ  дар даст доранд, бекор карда намешаванд.  Гап дар бораи раводид, иҷозатнома барои кор, иҷозатномаҳо барои буду боши муваққатӣ  ва иҷозатнома барои зист меравад»,- гуфт ӯ.

Казакова таъкид намуд, ки корфармо ҳуқуқ дорад   бидуни иҷозатномаҳо шаҳрвандони хориҷиро ба кор гирад. «Яъне, агар шаҳрванди хориҷӣ ба қаламрави Россия бо ҳар мақсаде, ки омада бошад, ҳуқуқ  дорад аз 15 март то 15 июн бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда кор  кунад.  Дар байни шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз тариқи раводид ва бе раводид омадаанд, каме фарқият аст» ,- гуфт номбурда.

Ба гуфти ӯ,  агар шахси хориҷӣ тавассути раводид ба Россия омада бошад, пас корфармо барои ҷалби қувваи кории ӯ бояд иҷозат дошта бошад, ки қаблан гирифтааст, агар бидуни раводид – ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон,  Молдова,  Украина ва Озарбойҷон дахл дорад, онҳо бе гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи кор кардан доранд, вале дар ин сурат  корфармо уҳдадор аст  дар ин бора ба шуъбаҳои сохторҳои муҳоҷирати ВКД хабар диҳад. «Ин барои баррасии вазъият дар бозори меҳнат хеле муҳим аст, зеро мо бояд донем, ки кадом шаҳрвандони  хориҷӣ  кор мекунад  ва кӣ бекор мондааст.  Мо вазъиятро меомӯзем ва бо корфармоён ҳамкории зич дорем», — хулоса  кард Казакова.

АКС:  Александр Демянчук/ТАСС

Апрель 24, 2020 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид