26 апрел бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон оғоз мегарданд
ДУШАНБЕ, 22.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 26 апрели соли равон дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон баргузор мегарданд. Дар даври дуюм дастаҳои футболи «Хатлон»-и Бохтар бо «Барқ»-и Норак, «Зебо»-и Дӯстӣ бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Чашма»-и Шаҳритус бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ ва «Зебонисо»-и Душанбе бо «Бешкент»-и Носири Хусрав байни ҳам рақобат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки даври аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон 19 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат оғоз гардида буд, ки дар он 10 даста иштирок доранд. Дар бозии марказии даври аввал муддаиёни медалҳои тилло — дастаи футболи «Зебонисо»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар бо ҳам вохӯрданд. Бозӣ байни ин дастаҳо бошиддат сурат гирифта, бо пирӯзии дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Дар ин сабқати ҷолиб голи ягонаро Муҳайминаи Гулаҳмад ба нишон расонид.
Ҳамчунин дастаҳои футболи «Зебо»-и Дӯстӣ бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Барқ»-и Норак бар дастаи «Равшан»- и Кӯлоб бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омаданд.
Дар даври аввал футболбоздухтарони дастаи «Чашма»-и Шаҳритус дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхиро бо ҳисоби калони 6:1 шикаст доданд. Дастаи «Бешкент»-и Носири Хусрав ба дарвозаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор 2 голи беҷавоб зад.
Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дар ду марҳила баргузор шуда, дастаҳо дар хона ва меҳмонӣ рақобат мекунанд. Ҳамаи дастаҳо 18 бозӣ анҷом медиҳанд. Ҳамаи ин бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни бонувон бе иштироки тамошобинон дар варзишгоҳҳои мамлакат гузаронида мешаванд. Мухлисони футболи тоҷик метавонанд ин вохӯриҳоро тариқи телевизионҳои ватании «Варзиш» ва «Футбол» тамошо карда, ҳаловат баранд.
Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон
Натиҷаҳои даври аввал
«Зебонисо» – «Хатлон» – 0:1
«Бешкент» – «Ҳосилот» – 2:0
«Панҷшер» – «Чашма» – 1:6
«Регар-ТадАЗ» – «Зебо» – 0:1
«Равшан» – «Барқ» – 0:1
12 ноябри соли 2019 дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиби Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои бонувон баргузор гардида буд. Дар он дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ҷараёни чемпионати соли гузашта маҳорати баланд нишон дод. Дар натиҷа дар 16 бозӣ ғалаба карда, як бозиро мусовию як бозиро бо бохт анҷом дода, бо 49 имтиёз дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. Дар он рӯз ба футболбоздухтарони даста медалҳои тилло ва Ҷоми чемпионат тақдим гардиданд.
Зинаҳои дуюм ва сеюмро дар мавсими соли гузашта дастаҳои футболи «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ ва «Зебоннисо»-и шаҳри Душанбе ишғол намуда буданд.
Дар мусобиқаи соли гузашта дарвозабони беҳтарин Меҳрона Файзуллоева аз дастаи «Хатлон», нишонзани беҳтарин Меҳрангез Шарипова аз дастаи «Хатлон», бозингари беҳтарин Некубахт Худододова аз дастаи «Зебоннисо» ва мураббии беҳтарин Ашӯр Гадоев аз дастаи футболи «Хатлон» дониста шуданд. Аз тарафи Ташкилоти қарзии «Фурӯз» ба ғолибони лигаи бонувон туҳфаҳо супорида шуданд.








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






