ҲАМКОРОНИ КОРОНАВИРУС. Ва ё Вирус андар дохили воҳимаҳост. Муроҷиати нависанда, шоир ва публисист Нозир Ёдгорӣ

Май 18, 2020 12:24

ДУШАНБЕ, 18.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Рӯзҳои хеле мушкилро аз сар гузаронида истодаем. Ва бояд донем, ки ҳарчанд аз ғамхориву кумакҳои давлатҳои дӯсту ҳамсоя хеле миннатпазирем, ҳеҷ ягон давлати дунё ва ягон созмони байналмилалӣ пурра ба доди мо намерасад. Ҳозир ғами миллати моро танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хӯрда истодааст. Чӣ тавр-ҳама дида истодаем. Ташкили ситодҳо, гузаронидани корҳои профилактикӣ, ташкили бемористонҳои доимӣ ва муваққатӣ…»

Чунин навиштааст адиби тоҷик Нозир ЁДГОРӢ дар як  муроҷиати худ, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол доштааст. Дар идома  нависанда, шоир  ва публисисти шинохта менависад:

Шукр, ҳолати номуайянӣ сипарӣ шуд, доруву дармонҳо пайдо шуданд. Шумораи табобатёфтагон меафзояд.

Вале дар матбути бурунмарзӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳои бардурӯғу бадвоҳима пайдо гашта истодаанд, ки метавонанд ба табобат ва тандурустии миллат, ҳарчӣ зудтар аз ин офат раҳо шудани мо халал расонанд. Дарвоқеъ, исбот шудааст, ки воҳима яроқи асосӣ ва тақвиятбахши ин беморист.

Сафват Бурҳонов, журналисти тоҷик, ки ҳоло берун аз Ватан зиндагӣ дорад ва ба доираи ин ҳодисаҳо наздиктар асту дилаш ба миллат месӯзад, дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишта буд: «Коронавирус дурӯғу бофтааст! Аз рӯзҳои нахусташ бо сад далел навишта истодаам, ки ин як бозӣ аст…Хонеду бинед омори маргу мири дунёро, ки порсолу солҳои гузашта ҳамин шабу рӯз чанд одам мурда буду имрӯз чанд. Чӣ хеле, ки мемурданд, ҳамон хел мурда истоданд. Ягон «вабо»-ю «бало» нест. Ҳамааш воҳимаи дурӯғ… ».

Воқеан, на танҳо Сафват Бурҳонов, балки бисёр донишмандони маъруфи соҳаи тибби дунё, сиёсатмадорону олимон бар ин ақидаанд, ки дунёхоҳон бо ҳамин баҳона одамизодро кам, аз якдигар ҷудо ва ба худ мутеъ сохтан мехоҳанд.

Ба ақидаи ман, ин вирус бошад ҳам, на ба он дараҷаест, ки воҳимааш мекунанд.

Раиси ҳайати мудирони бемористони «Ибни Сино» Абдухалил Холиқзода низ зимни як мусоҳиба изҳор доштааст, ки 85 фоизи ин беморон бе ягон табобат сиҳат мешаванд, ба шарте ба воҳима ва тарс дода нашаванд.

Ман ҳам ба ин мазмун навишта будам:

Ба мотам печидаст ақсои олам,
Биларзад аз ҳарос қалби ҳар одам.
Бимирад як касе аз заҳри вирус,
Бимирад даҳ нафар аз тарсу аз ғам.

Овозаҳое, ки дар Тоҷикистон паҳн мегарданд (аксарияти онҳоро аз берун паҳн менамоянд), низ шояд бо ишорае ва ё аз рӯи супорише бошанд. Аз ин хулоса пайдо мегардад, ки мақсади ин овозаҳо на ғамхорӣ ба миллат, балки халал расондан ба кори давлат ва ноором намудани авзои ҷомеаи мо мебошад.

Онҳо мехоҳанд боварии мардумро аз сохторҳои давлатӣ, алалхусус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон коста созанд. Як илоҷе намоянд, то мардум ба воҳима афтанд…

Карантини сахт шавад! Агар карантини сахт шавад, тавре боз ҳамон Сафват Бурҳонов нисбат ба ҳамкасбони воҳимаҷӯямон мегӯяд, «журналистаки бадбахти тарспарокан ё «зиёии» пушти компютер, ки воҳима мепароканӣ, якум ту аз гушнагӣ мемурӣ!.. Ҳар касе, чӣ аз дарун, чӣ аз беруни кишвар воҳима мепароканад, душмани Тоҷикистон аст! Хоин аст! Бадхоҳи мардум аст! ».

Аз номи худам мегўям: бас кунед воҳимаандозиро! Шумо ҳам тоҷикед, агар аз давлат норозиед, ин кори худатон. Агар андешаҳоятон мухолифи давлат ҳам бошанду вале агар миллат дошта бошед, ҳаммиллатонатонро ба вартаи душвору таҳлука наафканед. Аз ин вазъият истифода карда, воҳима барангехтан ба афзоиши беморӣ мусоидат мекунад. Ин ба ягон чорчӯба намеғунҷад ва аз рӯи инсофу  одамгарӣ ҳам нест! Такрор мекунам, ки ба ҳама аён аст, давлат тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Вазъият таҳти назорат аст.

Бо ин назардошт, кӯшиши шумо як кори беҳуда аст. Шумо, ки, аксаран, кайҳо аз боварии мардум баромадаед, бо ин амалатон имрӯз ба миллат аз коронавирус дида, даҳҳо маротиба бештар зарар меоред.

Рӯзу шаб нахобида,
Чиркҷӯён чирки нохун кобида!
Ҳар кадом воҳимае сар мекунанд,
Нияти ғавғои маҳшар мекунанд.
Ҷои вирус душманӣ сар мекунанд,
Вирус андар дохили воҳимаҳост.
Сад баробар кори аз вирус бадтар мекунанд.

Май 18, 2020 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент