АВВАЛ АНДЕША, БАЪД ГУФТОР! Вокуниши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба нигоштаи нодурусту бардурӯғи Радиои «Озодӣ»

Май 14, 2020 10:57

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.   7 май  хабарнигори Радиои «Озодӣ» Искандари Фирӯз таҳти унвони «Гӯшае аз хона — музейи Садриддин Айниро дар Душанбе вайрон мекунанд» нигоштаеро интишор намуда буд ва дар он зикр мекард, ки  гӯё имрӯзҳо «қисме аз хона — музейи Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва поягузори адабиёти муосири тоҷикро дар Душанбе вайрон мекунанд».

Азбаски Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ  дар тобеияти осорхонаҳои муттаҳиддаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарор дорад,  АМИТ «Ховар» барои рӯшанӣ андохтан  ба қазияи мазкур ба Академияи миллии илмҳо  муроҷиат намуд. Cармутахассиси Шуъбаи табъу нашри Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мухбирҷон КЕНҶАЕВ нигориши «Озодӣ»-ро чунин шарҳ дод: 

—   Хабари мазкур, ки аслан беасосу бепоя мебошад,   дар худ ягон далелу асноди аниқ надорад.   Шералӣ Каримов, директори Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ зимни суҳбат гуфт, ки ин гапҳо ягон асоси воқеӣ надоранд. Касе ба маъмурияти осорхона барои аз байн бардоштани бино ба таври шифоҳӣ ва ё ин ки дар шакли хаттӣ то имрӯз огоҳнома надодааст. Ҳоло кормандони осорхона бинобар хуруҷи бемории COVID-2019 қисман то охири моҳ дар таътили муваққатӣ қарор доранд ва бо беҳтар шудани авзо ба кори муътадилу доимии худ шурӯъ хоҳанд кард.

Ҳамзамон мо зарур донистем, ки бо муовини сармеъмори шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов дар масъалаи мазкур ҳамсуҳбат шавем. Мавсуф иброз дошт, ки масъалаи тахриби Осорхонаи устод Айнӣ умуман дар Нақшаи кулл вуҷуд надорад. Тибқи нақшаи генералӣ, ки  аз ҷониби роҳбарияти шаҳрдорӣ тасдиқ гардидааст, дар мавзеи мазкур ҳоло  корҳои бартарафсозии биноҳои маскунии кӯчаҳои атрофи маҳалла мутобиқи нақшаи тасдиқшуда, ба ғайр аз бинои Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ идома доранд. Дар қисмати ҳамшафати осорхона  бо ибтикори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Декор-инвест” бунёди меҳмонхонаи панҷситорадор дар шаҳраки муосире, ки бунёд мегардад, феълан идома дорад.

Осорхонаи мазкур азбаски яке аз ёдгориҳои таърихию адабии сатҳи ҷумҳуриявӣ  маҳсуб меёбад, бинобар ин дар ҷойи худ маҳфуз нигоҳ дошта шуда, зарурати боз ҳам ободу зебо кардани он пеш омадааст. Зеро устод Айнӣ барои миллати мо чун Қаҳрамони Тоҷикистон хидматҳои зиёд кардаанд.

Роҳбари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ   низ  зикр намуд, ки ҳамаи овозаҳо дар хусуси аз байн бурдани бинои Осорхонаи устод Айнӣ ягон асоси воқеӣ надоранд ва нодурустанд. Осорхона ҳамеша ҳамчун яке аз ёдгориҳои адабию фарҳангӣ таҳти ҳимояи давлат қарор дошт ва дорад. Баръакс он бо ташаббуси роҳбарияти давлату садорати шаҳрдорӣ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста ва сол аз сол ободу зебо гардида истодааст.

Ҳамзамон Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки Осорхонаи адабии устод Садриддин Айнӣ соли 1978 ба муносибати 91-солагии зодрӯзи нахустпрезиденти Академияи илмҳои Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ таъсис ва бунёд гардида буд. Ҳангоми дар вазифаи президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ интихоб ва таъйин шуданашон устоди зиндаёд  дар бинои ҳавлии мазкур (ҳоло осорхона) се соли охири ҳаёти пурбаракати худро сипарӣ намудаанд.

Инчунин академик Раҳимӣ гуфт, ки 15 апрели соли 2018 бахшида ба  140-солагии устод Садриддин Айнӣ бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба шахсияти Қаҳрамони Тоҷикистон, нахустпрезиденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ осорхонаи мазкур бори охир таъмиру таҷдид гардида буд. Дар ин самт шахсан саҳми Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, инчунин роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва  Ширкати «Алюминийи Тоҷик» («ТалКо»)   хеле калон аст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки барои кормандони илмию таҳқиқотии осорхона бинои нав бунёд намуда, атрофи осорхонаро ба таври замонавӣ панҷарапӯш намуда, ҳамзамон корҳои ободонӣ ва гулзоркуниро дар осорхона ба таври мунтазам ва доимӣ ба роҳ монанд.

Ғайр аз ин  чанде пеш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  низ аз Осорхонаи адабии устод Садриддин Айнӣ дидан намуда, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо намудани он ба масъулин дастур додааст.

Хулоса, хабари мазкур, ки дар ин шабу рӯзҳои бе ин ҳам душвор интишор шудааст, ягон асоси таҳлилӣ ва воқеӣ надорад.

Май 14, 2020 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Абуалӣ ибни Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик» намоиши ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Бохтар «Муассисаи давлатии маҷмааи таърихии Бибихонум» таъсис дода шуд
Густариши ҳамкории илмию таҳқиқотии Тоҷикистон ва Фландрия баррасӣ гардид
Мониторинги радиатсионии дараи Уреҷи кӯҳҳои Фон мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд
Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон дар доираи таҳқиқи арзишманд муаррифӣ гардид
28 нафар зинаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид