БО ДАСТУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 213 НАФАР ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БА ВАТАН ОВАРДА ШУДАНД. Ҳамватанони мо, ки бар асари пандемияи COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, зина ба зина баргардонида мешаванд

Май 20, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 20.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар партави дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути парвози махсуси ҳавопаймои  «Тоҷик Эйр» дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе 213 нафар шаҳрвандони мамлакат ба Ватан баргардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

«То ин вақт ин шаҳрвандон дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ қарор доштанд. Инчунин бо ин ҳавопаймо ҷасадҳои ҳамватанон, ки дар қаламрави Россия бо сабабҳои гуногун ҷон бохтаанд, интиқол ёфтанд», — омадааст дар иттилоияи вазорат.

Бо ин  ҳавопаймо инчунин маводи доруворӣ ва муҳофизатӣ, бо шумули доруҳои зиддивирусӣ, ниқобҳои тиббӣ, дастпӯшҳо ва айнакҳои тиббӣ аз ҳисоби ҳамватанони саховатпешаи муқими Россия ба Тоҷикистон таҳвил дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумат аз вазъи душвори шаҳрвандони мамлакат, ки бо сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ бар асари пандемияи COVID-19 дар давлатҳои гуногуни дунё дармондаанд, огаҳ буда, тадбирҳои заруриро меандешад, то онҳоро аз хориҷа дар наздиктарин фурсат ба Ватан баргардонад. Барои ин ба ҳамаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷа супориш дода шудааст, ки маълумоти ҳаррӯза дар бораи вазъи шаҳрвандонро ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 пешниҳод карда, тамоми мусоидати имконпазирро ба шаҳрвандон расонанд.

Бино ба дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шудааст, ки нақшаи тадриҷан ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати пандемияи COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ гардад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам овардани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ ба шаҳрвандони гиромӣ итминон медиҳад, ки сарфи назар аз мушкилоти зиёди бесобиқа, тамоми тадбирҳои зарурӣ барои солиму эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон дар дохил ва хориҷи  Тоҷикистон ва ҳарчи зудтар раҳоӣ ёфтан аз ин беморӣ андешида хоҳанд шуд.

Май 20, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон