БО ДАСТУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 213 НАФАР ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БА ВАТАН ОВАРДА ШУДАНД. Ҳамватанони мо, ки бар асари пандемияи COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, зина ба зина баргардонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 20.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар партави дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути парвози махсуси ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе 213 нафар шаҳрвандони мамлакат ба Ватан баргардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
«То ин вақт ин шаҳрвандон дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ қарор доштанд. Инчунин бо ин ҳавопаймо ҷасадҳои ҳамватанон, ки дар қаламрави Россия бо сабабҳои гуногун ҷон бохтаанд, интиқол ёфтанд», — омадааст дар иттилоияи вазорат.
Бо ин ҳавопаймо инчунин маводи доруворӣ ва муҳофизатӣ, бо шумули доруҳои зиддивирусӣ, ниқобҳои тиббӣ, дастпӯшҳо ва айнакҳои тиббӣ аз ҳисоби ҳамватанони саховатпешаи муқими Россия ба Тоҷикистон таҳвил дода шуд.
Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумат аз вазъи душвори шаҳрвандони мамлакат, ки бо сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ бар асари пандемияи COVID-19 дар давлатҳои гуногуни дунё дармондаанд, огаҳ буда, тадбирҳои заруриро меандешад, то онҳоро аз хориҷа дар наздиктарин фурсат ба Ватан баргардонад. Барои ин ба ҳамаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷа супориш дода шудааст, ки маълумоти ҳаррӯза дар бораи вазъи шаҳрвандонро ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 пешниҳод карда, тамоми мусоидати имконпазирро ба шаҳрвандон расонанд.
Бино ба дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шудааст, ки нақшаи тадриҷан ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати пандемияи COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ гардад.
Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам овардани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.
Ситоди ҷумҳуриявӣ ба шаҳрвандони гиромӣ итминон медиҳад, ки сарфи назар аз мушкилоти зиёди бесобиқа, тамоми тадбирҳои зарурӣ барои солиму эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ва ҳарчи зудтар раҳоӣ ёфтан аз ин беморӣ андешида хоҳанд шуд.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






