ЧӢ ТАВР ХУДРО БОЯД АЗ КОРОНАВИРУС ЭМИН НИГОҲ ДОШТ? Кумитаи кор бо занон ва оила дар ин мавзӯъ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд
ДУШАНБЕ, 05.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чӣ тавр бояд худро аз коронавирус эмин нигоҳ дошт? Дар ин мавзӯъ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавирус бо сокинони маҳаллаҳои «Фирӯз», «Шафтолузор»-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «Хона ба хона» доир намуд. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар рафти корҳои анҷомдодашуда аз ҷониби кормандони Кумита бобати таъмини ҳифзи саломатӣ, риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, тарзи дурусти истифодаи ниқоб, усулҳои пешгирии бемории каронавирус, худдорӣ намудан аз баргузории ҳар гуна чорабиниҳои оммавӣ, тоза нигоҳ доштани манзили истиқоматӣ, ба шуғл, алалхусус ба китобхонӣ фаро гирифтани бачаҳо дар давраи таътил ва дигар масъалаҳои доғи рӯз суҳбат гузаронида шуд.
Ҳамчунин ба сокинони пойтахт дар ҳолатҳои зарурӣ чӣ тавр ва ба куҷо муроҷиат намудан ва нишонаҳои пайдошавии бемории сироятии коронавирус фаҳмонида шуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ тақсим гардид.
Чунин суҳбату вохӯриҳо бо сокинони маҳаллаи «Заргар» ва дигар щаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи мазкур ба роҳ монда мешаванд.








Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад






