COVID-19. Дар Муъминобод занҳои қобили таваллуд аз бемории коронавирус эмин нигоҳ дошта мешаванд
МУЪМИНОБОД, 19.05.2020 АМИТ «Ховар». Имрӯзҳо дар кӯчаю маҳаллаҳо ва тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Муъминобод низ чун дар тамоми ҷумҳурӣ корҳои беҳдоштию тамизкунӣ ба роҳ монда шудаанд. Масъулини Маркази солимию репродуктивии ноҳия баҳри пешгирии бемории COVID-19 бо занҳои қобили таваллуд дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯриҳо гузаронида истодаанд.
Тавре директори Маркази солимию репродуктивии ноҳия Замира Юлдошзода иттилоъ дод, барои пешгирӣ аз бемории коронавирус тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.
«Бемории коронавирус мо, кормандони марказро бетараф намегузорад. Мо вазифадорем, ки бештар бо занҳои қобили таваллуд ва ҳомиладор вохӯрӣ анҷом диҳем ва ба онҳо фаҳмонем, ки ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намуда, ҳамеша эҳтиёткор бошанд. Дар ноҳия шумораи занҳо 49 ҳазору 188 ададро ташкил медиҳанд, ки аз он 24 ҳазору 619 нафарашон занҳои қобили таваллуданд. Мо ҳамарӯза ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рафта, ба занҳо сари вақт шустани дастон бо собун ва маҳлулҳои антисептикӣ, ҳатман пӯшидани ниқоб, ҳамеша таҳти назорат гирифтани кӯдаконро мефаҳмонем»,- гуфт номбурда.
Замира Юлдошзода мегӯяд, ки хушбахтона, то холо дар ноҳияи Муъминобод байни занҳо бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин давра беш аз 80 нафар зан барои санҷиши ҳарорат ва ҳомиладорӣ муроҷиат намудаанд. Санҷиш нишон дод, ки ҳарорати онҳо муътадил буда, ин беморӣ дар онҳо дида намешавад. «Мо кӯшиш менамоем, ки мушкилоти занҳои муроҷиатнамударо сари вақт бартараф намоем. Аз ин рӯ ба мардум гуфтаниям, ки ба воҳима дода нашуда, қоидаҳои гигиенаи шахсиро бештар риоя ва худу наздиконашонро эҳтиёт намоянд»,- иброз дошт директори Маркази солимию репродуктивии ноҳияи Муъминобод.








Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад






