ДАР ҲИФЗИ ҶОНИ МИЛЛАТ. Чакомаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба табибони ҳозиқ
ДУШАНБЕ, 14.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон инсоният бо вабои аср – коронавируси нави Сovid-19 мубориза мебарад, ки табибон дар сафи пеши ин набард қарор доранд. Қаҳрамониҳои табибони ҳозиқ имрӯз аз ҷониби ҳазорон нафар васф мегардад.
Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО ба ҳамшираҳои ҷоннисори шафқат, кормандони миёна ва хурди тиб, онҳое, ки имрӯзҳо ҷоннисоронаву хастагинопазирона шабу рӯз, то охирин неруву мадор дар сафи пеши мубориза бо вабои аср — коронавирус мубориза мебаранд, чанд шеър иншо намудааст, ки пешкаши хонандагон мегардонем.
ДАР ҲИФЗИ ҶОНИ МИЛЛАТ
Дар ҳифзи ҷони миллат
Имрӯз аввалинед!
Ҳамшираҳои шафқат,
Зебову нозанинед!
Аввалшуҷоатонед
Дар корзори Меҳан,
Ҳошо, ки бо шумо монд
Зӯру мадори Меҳан!
Ҷон дар хатар ниҳода,
Рӯзу шабон ба коред,
Ҳаққо, ки қаҳрамонед,
Ҳаққо, ки ҷоннисоред!
Бар ҷони худ бигиред,
Ҳар тири аввалинро.
Подош чист, эй халқ,
Ин ҳиммати баринро.
Дар ҷодаи пур аз хавф,
Пеш аз шумо касе нест.
Дар меҳру дар футувват
Беш аз шумо касе нест.
Рамзи садоқату раҳм,
Рамзи вафо шумоед.
Бар ҷисму ҷони Меҳан
Як муттако шумоед.
Бо марг дар набардед,
Ҳаққо, ки марди мардед.
Доруи аввалини
Ҳар ҷони пур зи дардед.
Ҷони наҳифи худро
Дар рӯи каф ниҳодед,
Бо нури он ба бемор
Сад ҷони тоза додед.
Неруи охиринро
Бахшида бар маризон,
Худ костед худро,
Дар пайкару дилу ҷон.
Сад ҷони рафта баргашт.
Бо шафқату шифотон.
Подошатон чӣ бошад,
Подоши бебаҳотон?
Озурда ҷонатон, кош,
Аз ғуссаҳо раҳо бод!
Подош агар надидед,
Подош аз Худо бод!
Ин гуна зӯру ҳиммат
Ҳар паҳлавон надорад.
Ин гуна бонувонро
Рӯи ҷаҳон надорад.
Имрӯз чун шумо кист
Дар ҳифзи ҷони миллат!?
Валло, шумо, шумоед,
Худ қаҳрамони миллат!!!
11.05.2020. Субҳ.
ҶОННИСОРОНИ МИЛЛАТУ МЕҲАН
Новобаста ба хатарҳои марговар табибони ҷоннисор, онҳое, ки ба қасами касбии худ то ба охир ҷавонмардона садоқат доранд, имрӯзҳо дар беморхонаҳои мамлакат барои наҷоти беморон аз ин вабои аср мубориза мебаранд. Ҳаббазо, бар чунин табибон! Илоҳо Худованди карим, ба онҳо саломатӣ, неру ва пирӯзӣ бубахшад!
Қаҳрамонони миллату меҳан,
Эй табибони ҷоннисори мо!
Рамзи сидқу шуҷоату мардӣ,
Ҳиммату нанги рӯзгори мо!
Аввалинеду аввалин бошед
Дар хатар чун фитод ҷони халқ.
Вақти он аст по ба по хезед,
Монд чун дар хатар равони халқ.
Ҳарфи ман аз табиби ҷонсӯз аст,
Пайкаре, к-аз вафо бувад подор.
Ҳарфи ман аз шуҷоати Синост,
Аз табиби чу набзи дил бедор.
Ин расолат расолати олист,
Бар табибон варо Худо додаст.
Қудрати ҷони тоза доданро,
Ҷуз табибон, бигӯ, киро додаст!?
Бар табибон муборак ин маслак,
Ин ки мероси Бӯалӣ Синост.
Ҳифзи халқу наҷоти миллати худ,
Ин расолат, ки аз ҳама болост.
Ин шараф, ин шуҷоат, ин маслак,
Пешаи вежаи табибон аст.
Он ки дар пайравии кори Худо,
Боз бар халқ додани ҷон аст.
Қаҳрамонони миллату меҳан,
Эй табибони ҷоннисори мо!
Зинда монеду зиндатар бодо
Бо шумо нусрати диёри мо!
11.05.2020.








ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






