Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи тиб: ба савганди касбии худ содиқ бошед ва нагузоред, ки дар натиҷаи як ҳолати фориғболӣ, бемасъулиятӣ ё нофаҳмӣ касе аз ҳаёт маҳрум гардад

Май 20, 2020 14:44

ДУШАНБЕ, 20.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои тиббие, ки дар онҳо гирифторшудагони ин беморӣ (COVID-19, — тавз. АМИТ «Ховар») табобат мегиранд ё таҳти назорати табибон дар карантин ҳастанд, хароҷоту истифодаи сарфакоронаи маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти мамлакат ҷудошуда, инчунин, кумакҳоеро, ки аз ҷониби кишварҳои дӯст ва шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорони ватандӯст ва дигар ашхоси хайрхоҳу саховатманд расонида шудаанд, таъмин намоянд. Ин супориш имрӯз дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ дода шуд.

Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ муваззаф гардид, ки якҷо бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ин масъаларо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

Ба роҳбарияту масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои ташхису табобат ва ҳар як табиб инчунин супориши қатъӣ дода шуд, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ бо масъулияти баланд ва бовиҷдонона муносибат карда, хизматрасониро ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ҳаёти инсонро, ки арзиши олӣ мебошад, ҳаматарафа ҳифз карда, нагузоранд, ки дар натиҷаи як ҳолати фориғболӣ, бемасъулиятӣ ё нофаҳмӣ касе аз ҳаёт маҳрум гардад.

Пешвои миллат таъикд сохтанд, ки онҳо бояд ба савганди касбии худ содиқ бошанд, садоқати худро дар чунин лаҳзаҳои барои давлату мардуми кишвар душвор исбот намоянд ва фаромӯш насозанд, ки табиб бояд бо беморон муомилаи хуб дошта бошад, чунки як шарти муҳимми табобат забони ширини табиб аст.

«Мо ба заҳмати шабонарӯзии табибон арҷ мегузорем ва онҳоро, албатта, қадр мекунем», — иброз доштанд Президенти мамлакат.

Май 20, 2020 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон