Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Олимзода Н.Х.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Олимзода Насим Хоҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 майи соли 2020
№1528
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Абдуллозода Ҷ.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 майи соли 2020
№1529
Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 майи соли 2020 дар вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд 09 декабри соли 1966 Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
соли 1989 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос кори табобатӣ
Унвони илмӣ доктори илмҳои тиб, профессор
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқҳаст ё не вакили маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Медали “Шафқат” (соли 2009), Унвони фахрии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2015)
Вазъи оилавӣ оиладор
Суроға шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Кор ва фаъолияти собиқа:
| Солҳои 1989 — 1990 | табиб-интернаи шуъбаи ҷарроҳии Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №2 ба номи академик К.Тоҷиев, шаҳри Душанбе |
| Солҳои 1990 – 1992 | табиби ҷарроҳи Дармонгоҳи №7 назди Беморхонаи клиникии шаҳрии №2, шаҳри Душанбе |
| Солҳои 1992 — 1998 | табиби ҷарроҳи Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, шаҳри Душанбе |
| Солҳои 1998 – 2008 | мудири шуъбаи ҷарроҳии Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2008 — 2014 | директори Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2014 — 2017 | директори Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ, шаҳри Душанбе |
| Аз моҳи январи соли 2017 то ҳол |
Директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии Истиқлол, шаҳри Душанбе |
| Кор ва фаъолият дар кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ | |
| Солҳои 2002-2004 | Ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ |
| Солҳои 2004-2008 | Дотсенти кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ |
| Аз соли 2008 | Аъзои шӯрои диссертатсионии ДДТТ |
| Солҳои 2008-2014 | Профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ |
| Солҳои 2015-2017 | Мудири кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ |
| Аз соли 2017 то инҷониб | Профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ |








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон






